«ТОБИСТОН-2025». Барои кӯдакону наврасон 30 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ омода карда мешавад

Май 6, 2025 15:33

ДУШАНБЕ, 06.05.2025. /АМИТ «Ховар»/.  Имсол дар Тоҷикистон барои қабули кӯдакону наврасон дар мавсими «Тобистон-2025» 30 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ омода карда мешавад. Аз ҷумла, дар вилояти Суғд 10 адад, дар вилояти Хатлон 3 адад, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 5 адад ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 12 истироҳатгоҳ ба мавсим омода карда мешаванд.

Тавре аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, таъмиру муҷаҳҳазгардонии истироҳатгоҳҳо то 25 май ба итмом расонида мешавад. Дар ин замина аз ҷониби гурӯҳи кории байниидоравӣ мониторинги омодагии истироҳатгоҳҳо гузаронида мешавад. Дар ҳолати пурра омода шудан қабули кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо оғоз мегардад.

Имсол мавсими истироҳати кӯдакону наврасон дар 4 баст 12- рӯзиро дар бар мегирад. Ба ҳар баст аз 150 то 400 нафар қабул карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2024 дар 28 истироҳатгоҳи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон 8933 нафар ба истироҳату фароғат фаро гирифта шуданд.

Тавре қаблан иттилоъ додем, соли равон дар ҷумҳурӣ қариб 5 ҳазор истироҳатгоҳ (наздимактабӣ, варзишӣ, санаторӣ, солимгардонӣ, меҳнатӣ) омода гардида, дар онҳо беш аз 250 ҳазор кӯдакон ва наврасон ба фароғат фаро гирифта мешаванд.

Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2025 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2025»  кӯдакону наврасони ятим, бепарастор, аз оилаҳои камбизоат, кӯдакони дорои имконияти маҳдуд ва тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо ба таври ройгон бо роҳхат таъмин карда мешаванд. Волидайни хоҳишманд метавонанд барои фарзандони худ ба таври ғайринақдӣ роҳхат дастрас намоянд.

Масъалаи таълиму тарбияи насли наврас, дар замири онҳо бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, пос доштани арзишҳои миллию фарҳангӣ ва талқин намудани ҳурмату эҳтиром нисбат ба калонсолон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ, аз ҷумла соҳаи маорифи мамлакат ба шумор меравад.

Бо ҳамин мақсад Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон фаъолияти кумитаҳои соҳавиро дар ин самт назорат намуда, бо мақомоти давлатӣ ва идораҳои дахлдор масъалаи бо омӯзгорони баландихтисос таъмин намудани истироҳатгоҳҳо ва дар онҳо муҳайё намудани шароити заруриро амалӣ менамояд.

Дар истироҳатгоҳҳо утоқҳои хоб, бунгоҳи тиббӣ, ошхона, китобхона, майдончаи варзишӣ ва ҳавзи шиноварӣ ба талаботи имрӯз мутобиқ гардонида шуда, барои босамар гузаштани таътили хонандагон бозиҳои шавқовари зеҳнию варзишӣ ва барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ гузаронида мешаванд.

Иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти бонуфуз дар таъмини пешрафти иқтисодию иҷтимоии мамлакат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, татбиқи нақшаҳои созандагию бунёдкорӣ ва дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми шоиста дорад.

Иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти ҷамъиятӣ аҳли ҷомеаи меҳнатиро муттаҳид сохта, барои ҳимоя ва ҳифзи манфиатҳо, ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодии кормандон, оила ва фарзандони онҳо хизмат мерасонад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 6, 2025 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд