ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 июл, панҷшанбе, 198-умин рӯзи соли 2025 аст

Июль 17, 2025 08:00

17 июли соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ба итмом расидани сафари расмӣ дар Миср барои иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Федератсияи Русия сафар намуданд.

***

17 июли соли 2013  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари дастгоҳи Президенти Бонки ҷаҳонӣ Лаура Фриҷентиро ба ҳузур пазируфтанд. Зимни суҳбат ба бахшҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, аз ҷумла вобаста ба тағйирёбии иқлим, таъмини дастрасии кофӣ ба об ва неруи барқ, дастгирии амнияти озуқаворӣ, муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмуъ ба беҳсозии сатҳи зиндагии мардум таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

***

17 июли соли 2014 Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва илтимосномаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод қарор қабул намуд. Тибқи ин қарор, деҳоти Файзободи ноҳияи Файзобод номи Ҳофизи мардумии Тоҷикистон Дӯстмурод Алиевро гирифт.

***

17 июли соли 2018 бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Экология, сайёҳӣ ва саломатӣ» бо иштироки намояндагони беш аз 6 мамлакати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Конференсияи VIII илмӣ-амалии Мактаби тобистонаи байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино баргузор гардид.

***

17 июли соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро, ки дар Тошканд барои иштирок дар Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: иртиботи мутақобили минтақавӣ. Чолишҳо ва имконият» қарор дошт, ба ҳузур пазируфт.

***

17 июли соли 2023 дар деҳаи Рожи Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон канали обёрикунӣ мавриди истифода қарор гирифт.

17 ИЮЛ:

Рӯзи байналмилалии адолати судӣ — ҷиноятии байналмилалӣ.

***

Дар Кореяи Ҷанубӣ- Рӯзи Конститутсия.

***

Дар Лесото – Рӯзи шоҳ.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Зариф Раҷабов-соли  1906 — таърихчӣ, академик, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино.

Июль 17, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш