ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 июл, сешанбе, 210-умин рӯзи соли 2025 аст

29 июли соли 1930 аввалин ҳавопаймои мусофирбар аз Англия ба Канада парвоз намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1994 дар Австралия ҳарорати аз ҳама пасттарини ҳаво ба қайд гирифта шуд, ки он -23,0 дараҷаро ташкил дод.
***
29 июли соли 2009 дар шаҳри Душанбе Меморандум оид ба ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Палатаи савдо ва саноати Покистон ба имзо расид.
***
29 июли соли 2009 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаро имзо намуданд.
***
10 сол пеш, 29 июли соли 2011 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шурои амнияти озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки таҳти раёсати Сарвазири мамлакат ва узвияти роҳбарони вазорату идораҳои марбута фаъолият менамояд.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбари вақти Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Синфэн масоили ҳамкорӣ дар самти ҳамҳангсозии мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосирро баррасӣ намуданд.
***
29 июли соли 2021 баъди ифтитоҳи якчанд иншооти таъйиноти гуногун дар ноҳияи Шаҳристон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва омӯзгорони ноҳия мулоқоти самимӣ доир намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 маротибаи аввал дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Ҷумҳурии Узбекистон Озмуни байналмилалии корҳои илмию инноватсионӣ баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммад Таиров ва Маҳноза Кабирова ғолиб омаданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба кор бо Маҷмаи Умумӣ ва мудирияти конфронсҳо Мовсес Абелянро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла атрофи мавзуъҳои обу иқлим баррасӣ карда шуд.
29 ИЮЛ:
Рӯзи байналмилалии паланг.