БОХТАР — НАМУНАИ ШАҲРСОЗИИ МУОСИР. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо
 
			
					
										ДУШАНБЕ, 31.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 31 октябр Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо эълон гардидааст. Ин сана аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид бо ҳадафи ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои рушди устувори шаҳрҳо ва беҳтар гардонидани сатҳи зист дар маҳалҳои аҳолинишин таъсис дода шудааст. Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, айни ҳол беш аз нисфи аҳолии ҷаҳон дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунад, ки то соли 2050 ин нишондиҳанда ба 70 фоиз мерасад.
– Дар ин замина метавон гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба рушди муназзами шаҳрҳо аҳамияти махсус медиҳад. Аз ҷумла, маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар яке аз шаҳрҳои рушдёбанда ва зебои ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ симои шаҳр куллан дигар гардида, соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва саноатӣ бо суръати назаррас рушд доранд. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи барномаҳои давлатии рушди иҷтимоиву иқтисодӣ дар Бохтар даҳҳо иншооти замонавӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, варзишгоҳҳо, роҳҳо ва боғҳои фароғатӣ бунёд карда шуданд.
Сохтмон ва меъморӣ
Бохтар на танҳо маркази маъмурӣ, балки ҳамчун шаҳр бо инфрасохтори муосир, кӯчаву хиёбонҳои обод ва боғу гулгаштҳои зебо маъруф гардидааст. Таҳаввули меъморӣ ва сохтмонҳо нишон медиҳад, ки Бохтар бо суръати устувор ба шаҳри муосир ва фароҳамоварандаи шароити беҳтар барои зиндагӣ, таҳсил ва фаъолият табдил меёбад.
Танҳо дар соли равон дар шаҳр дар масоҳати 23 ҳазору 483 метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 ҳазору 35 метри мураббаъ зиёд мебошад.
Аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ сохтмони биноҳои таълимии иловагӣ дар муассисаҳои таълимии рақамҳои 6,8 ва навсозии Варзишгоҳи марказии «Пахтакор» ҷараён дорад, ки то имрӯз корҳои иҷрошуда 4,5 миллион сомониро дар бар мегирад.
Соҳаи саноат рушд меёбад
Дар шаҳри Бохтар айни замон 58 адад корхонаҳои саноатӣ фаъолият доранд, ки 12 корхона ба истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ, 21 корхона ба истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, 3 адад ба коркарди пахта, 12 адад ба истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ ва 10 адади дигар ба истеҳсоли маҳсулоти чӯбин, чопи газетаҳо, маводи шустушӯй, трансформаторҳо, дучарха, барқ ва об равона гардидааст.
Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар сохтмони 17 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст, ки сохтмони 4 адади онҳо дар соли 2025 пешбинӣ гардидааст.
Хизматрасонии нақлиёт беҳтар мегардад
 Дар доираи амалисозии Лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон» аз ҷониби ҶДММ «Акиа Авесто» моҳи декабри соли 2023 ба шаҳри Бохтар 39 адад автобусҳои мусофиркашонии тамғаи «Акиа-Ориё LE8» ворид гардид. Дар доираи лоиҳаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои сарфашуда 2 адад воситаи нақлиётии мусофиркашонии тамғаи «Акиа–LE9» бо мақсади рушди соҳаи туризми дохилӣ ва хориҷӣ харидорӣ гардид, ки дар натиҷа теъдоди автобусҳои наву замонавӣ дар корхона ба 41 адад расонида шуд.
Дар доираи амалисозии Лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон» аз ҷониби ҶДММ «Акиа Авесто» моҳи декабри соли 2023 ба шаҳри Бохтар 39 адад автобусҳои мусофиркашонии тамғаи «Акиа-Ориё LE8» ворид гардид. Дар доираи лоиҳаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои сарфашуда 2 адад воситаи нақлиётии мусофиркашонии тамғаи «Акиа–LE9» бо мақсади рушди соҳаи туризми дохилӣ ва хориҷӣ харидорӣ гардид, ки дар натиҷа теъдоди автобусҳои наву замонавӣ дар корхона ба 41 адад расонида шуд.
Аз шумораи умумии 41 воситаи нақлиёти ба шаҳр воридшуда, 11 адад автобус дар хатсайри Бохтар-Кӯшониён-Вахш фаъолиятро оғоз намудааст. Ҳамарӯза дар ин хатсайр аз 3500 то 4000 мусофир аз хизматрасонии босифати автобусҳо истифода мебаранд. Тасмими мазкур боиси хушҳоливу фараҳмандии сокинони шаҳри Бохтар ва ноҳияҳои атроф гардидааст.
Дарозии умумии роҳҳои шаҳри Бохтар 148,4 километр буда, аз он 4,5 километр роҳи аҳамияти байналмилалӣ, 10,6 километр ҷумҳуриявӣ, 133,3 километр маҳаллӣ, 40 километр роҳҳои тобеи ташкилоту идораҳо ва 46,2 километр роҳҳои байни хоҷагӣ мебошад.
Барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои ҳудуди шаҳр дар 9 моҳи соли равон аз буҷети маҳаллӣ 205 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, дар масоҳати 992 метри мураббаъ таъмир гузаронида шуд.
Аз ҳисоби аҳолӣ ва соҳибкорон бошад дар ҳудуди маҳаллаҳо дар масоҳати 8820 метри мураббаъ сангфарш ва 2160 метри мураббаъ бетонпӯш карда шуд. Айни замон 4,6 километр роҳ барои асфалпӯшкунӣ омода карда шудааст.
Маориф
Шумораи муассисаи таҳсилоти умумии шаҳри Бохтар ба 24 адад расида, аз он 5 литсей, 1 гимназия, 1 мактаби инноватсионӣ ва 17 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро дар бар мегирад. Дар ин муассисаҳо 30 ҳазору 510 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Тандурустӣ
Дар шаҳри Бохтар барои беҳдошти вазъи саломатии шаҳрвандон 22 адад муассисаҳои тиббии вилоятӣ, 110 адад дорухонаҳо ва 6 адад муассисаи хусусӣ – Маркази тиббии «Даво», Маркази тиббии «Хатлон», Маркази саломатии «Акси шифо», «Суман», «Дурахш» ва «Ҳаёти солим» ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Дар шаҳри Бохтар сиёсати самараноки соҳаи тандурустӣ ва саҳми муассисаҳои давлатӣ ва хусусӣ дар фароҳам овардани хизматрасонии босифат ба аҳолӣ намунаи рушду пешрафти инфрасохтор ва эътибори шаҳри муосир ба ҳисоб меравад.
Бохтар — шаҳри фарҳангиён
Шаҳри Бохтар имрӯз ҳамчун маркази фарҳангии вилояти Хатлон шинохта шуда, дар он рушди муассисаҳои фарҳангӣ бо суръати назаррас ба роҳ монда шудааст. Дар шаҳр 37 муассисаи фарҳангӣ фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 4 адад муассисаҳои вилоятӣ мебошанд.
Дар байни муассисаҳои фарҳангӣ 12 адад гулгаштҳо ва 8 адад майдонҳои таърихиву фароғатӣ бунёд гардидаанд, ки дар онҳо барои сайёҳон ва сокинон ҷойи фароғат ва истироҳат фароҳам оварда шудааст.
Ин муассисаҳо на танҳо барои нигоҳ доштани суннатҳои фарҳангӣ ва таърихӣ, балки барои тарбияи насли ҷавон ва ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳон ба фарҳанги миллӣ нақши муҳим доранд. Фаъолияти пурсамари муассисаҳои фарҳангӣ нишон медиҳад, ки Бохтар боиси ифтихори сокинон ва ҷои барҷастаи фарҳангӣ дар минтақа мебошад. Ҳар як боғ, китобхона ва маркази фарҳангӣ барои рушду ободии шаҳр ва афзоиши маърифати аҳолӣ саҳми арзанда мегузорад.
Соҳаи ҷавонон ва варзиш
Дар шаҳри Бохтар барои рушди варзиш ва ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим тадбирҳои мушаххас андешида шудааст. Дар шаҳр 3 варзишгоҳ, мактаби варзишӣ ва 34 толори варзишӣ фаъолият мекунанд. Ин иншооти варзишӣ имкон фароҳам овардааст, ки ҷавонон ва наврасон ба намуди гуногуни варзиш машғул шаванд.
Ҳамчунин дар шаҳр 98 майдончаи варзишӣ мавҷуд мебошад, ки аз онҳо 18 адад майдончаҳои футболи хурд, 2 майдони теннис ва 2 ҳавзи шиноварӣ мебошанд. Ин майдончаҳо ва ҳавзҳо на танҳо барои омодагӣ ба мусобиқаҳо ва машқҳои мунтазам хизмат мекунанд, балки барои фароғат ва машқҳои оммавии аҳолӣ низ истифода мешаванд.
Ин тадбирҳо нишон медиҳанд, ки шаҳри Бохтар барои рушди ҷисмонии насли наврас ва таҳкими саломатии ҷавонон аҳамияти калон медиҳад. Вусъати сохтмони майдончаҳои варзишӣ ва таъмини шароити мусоид барои тамрин ва мусобиқаҳо ҳамчун нишонаи сиёсати давлатӣ дар самти тарбияи солим ва фаъол нигоҳ доштани ҷавонон арзёбӣ мешавад.
Шаҳри Бохтар имрӯз ҳамчун шаҳри муосир, рушдёбанда ва дорои инфрасохтори густурда ва замонавӣ шинохта мешавад. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, шаҳр бо роҳҳо ва майдонҳои варзишӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ, боғҳо ва гулгаштҳои замонавӣ, муассисаҳои фарҳангӣ ва корхонаҳои саноатӣ ба маркази воқеии рушд ва зиндагии босифат табдил ёфтааст.
Ин дастовардҳо нишон медиҳанд, ки таваҷҷуҳ ба беҳтарсозии инфрасохтор ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагӣ, таҳсил ва фаъолият дар шаҳр на танҳо сатҳи зиндагии сокинонро боло мебарад, балки Бохтарро ҳамчун намунаи рушди устувор ва шаҳрҳои пешрафтаи мамлакат муаррифӣ менамояд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз









 
						
 Дар Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи асосиро ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташкил медиҳад
Дар Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи асосиро ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташкил медиҳад 31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО.  Хуҷанд яке аз беҳтарин шаҳрҳои бостонии Осиёи Марказӣ ба шумор меравад
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО.  Хуҷанд яке аз беҳтарин шаҳрҳои бостонии Осиёи Марказӣ ба шумор меравад «БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Форуме, ки дар Кӯлоб  оилаҳои ҳунармандро ҷамъ овард
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Форуме, ки дар Кӯлоб  оилаҳои ҳунармандро ҷамъ овард Вазири адлияи Тоҷикистон дар Машварати 12-уми  вазирони адлияи давлатҳои узви СҲШ иштирок намуд
Вазири адлияи Тоҷикистон дар Машварати 12-уми  вазирони адлияи давлатҳои узви СҲШ иштирок намуд Рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ гардид
Рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ гардид «НУРИ ИСТИҚЛОЛ». Драмаи Ҷумъа Қуддус дар озмуни ҷумҳуриявии драмнависон сазовори ҷой якум дониста шуд
«НУРИ ИСТИҚЛОЛ». Драмаи Ҷумъа Қуддус дар озмуни ҷумҳуриявии драмнависон сазовори ҷой якум дониста шуд Дар Кӯлоб Форуми ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» баргузор мегардад
Дар Кӯлоб Форуми ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» баргузор мегардад Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ташкилӣ ва фаъолиятии моҳиятан нави Маҷлиси Олиро муқаррар намуд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ташкилӣ ва фаъолиятии моҳиятан нави Маҷлиси Олиро муқаррар намуд Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд БЕМОРИИ ПӮСТ – ПСОРИАЗ. Оё он табобатшаванда аст?
БЕМОРИИ ПӮСТ – ПСОРИАЗ. Оё он табобатшаванда аст? Дар Тоҷикистон таъсиси Маркази тайёркунии муҳандисони лифт дар назар дошта шудааст
Дар Тоҷикистон таъсиси Маркази тайёркунии муҳандисони лифт дар назар дошта шудааст РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ БЕМОРИИ ИНСУЛТ. Чаро инсонҳо ба ин беморӣ гирифтор мешаванд?
РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ БЕМОРИИ ИНСУЛТ. Чаро инсонҳо ба ин беморӣ гирифтор мешаванд? 
									 
									 
									 
									 
									





