Дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиёда аз 214 ҳазор бех дарахтони ороишию сояафкан шинонида мешаванд

Октябрь 31, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 31.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе ва бо мақсади ба «шаҳри гулрез» ва «шаҳри сабз» табдил додани пойтахт дар мавсими нави ниҳолшинонӣ- тирамоҳи соли 2025 дар гулгашту хиёбон ва боғҳои фарҳангу фароғатӣ зиёда аз 214 ҳазору 149 бех дарахтони ороишию сояафкан шинонида мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи ободонӣ ва кабудизоркунии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ба иттилои директори Корхонаи воҳиди давлатии таҷрибавии илмию истеҳсолии «Сабзкорӣ»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Олимхон Тағозода, дар айни замон дар ин корхона зиёда аз 28 ҳазор дарахтон барои шинонидан омода карда шудаанд.

«Шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабз ба зебоии шаҳр ҳусну таровати тоза мебахшанд. Зеро сабзазоркуниву гулшинонӣ байни  мардуми тоҷик чун рамзи сарсабзӣ ва зебоӣ маҳбубияти хосса дошта, чунин иқдом шаҳрвандонро ба зебоипарастиву озодагӣ талқин менамояд», — афзуд Олимхон Тағозода.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар гардонидани вазъи экологӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани мамлакат чунин таъкид доштанд: «бо назардошти тағйирёбии иқлим ва бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат, инчунин муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтар ва мусоиди зист барои аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва тамоми сохтору мақомоти давлатӣ супориш дода мешавад, ки Барномаи мушаххаси давлатӣ оид ба кабудизоркунии мамлакатро барои давраи то соли 2040 қабул ва амалӣ намоянд».

«Таъмин намудани зиндагии осудаву босаодати наслҳои ояндаи халқамон моро водор месозад, ки ба ин масъала ҷиддӣ муносибат намоем. Яъне мо бояд барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем, Ватанамонро пешрафта гардонем ва чунонки доим таъкид менамоям, ба фарзандону набераҳоямон мулки обод ба мерос гузорем», -тазаккур доданд Пешвои миллат.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 31, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
Дар теппаҳои шоҳроҳҳои Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ беш аз 106 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2025 дар Тоҷикистон дар беш аз ҳазор гектар ҷангал бунёд карда шуд
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?