Файзалӣ Идизода бо Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
ДУШАНБЕ, 21.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 21 октябр Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Фурута Кейко мулоқот намуд, ки зимни он ҷонибҳо рушди минбаъдаи ҳамкориро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд, дар вохӯрӣ иброз гардид, ки барои вакилони парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷопон аҳаммияти бузург дорад.
Тарафҳо таъкид намуданд, ки муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» майдони муҳимми ҳамкорӣ шуморида шуда, дар ин замина пешниҳод гардид, ки вохӯриҳои вакилони парламентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар доираи ин қолаб баргузор карда шаванд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки Маҷлиси намояндагон минбаъд низ кӯшиш менамояд муносибатҳо дар асоси механизмҳои байналмилалии ҳамкорӣ, бахусус дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди байнипарламентӣ, инчунин Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни парламентҳои Тоҷикистону Ҷопон таҳким ёбанд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






