Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси умумиҷаҳонии парламентӣ оид ба мубориза бо терроризм ва пешгирии ифротгароӣ иштирок намуд

Октябрь 8, 2025 11:20

ДУШАНБЕ, 08.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия Конфронси умумиҷаҳонии парламентӣ оид ба мубориза бо терроризм ва пешгирии ифротгароии хушунатомез доир гардид, ки дар он аъзои кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Азизбек Хайриддинзода суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Азизбек Хайриддинзода иброз дошт, ки терроризм ва ифротгароӣ ҳамчун вабои аср ба тамоми кишварҳои ҷаҳон таҳдид карда, зиндагии осудаи сокинони сайёраро зери хатар мегузоранд. «Терроризм амали зиддиҷамъиятӣ ва зӯроваронае мебошад, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои муайяни ифротӣ нигаронида шудааст. Он бо истифода аз усулҳои шадид ва ваҳшиёна, аз қабили ҳамла ба одамони бегуноҳ ё сохтани асбобҳои тарканда анҷом дода мешавад. Экстремизм як намуди рафтори махсусест, ки ба эътиқод ва ақидаҳои ифротӣ асос ёфта, аз доираи тавофуқ ва меъёрҳои иҷтимоӣ берун меравад»,-гуфт вакил.

Таъкид гардид, ки мубориза  бо терроризм  ва ифротгароӣ дар ҳама шаклҳояшон  фаъолияти дастҷаъона талаб мекунад. Бояд ҳама кишварҳои ҷаҳон бар зидди ин зуҳуроти номатлуб ва хатарзо дастҷамъона мубориза бурда,  терроризм ва   ифротгароиро решакан намоянд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 8, 2025 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид