Раиси Маҷлиси намояндагон бо Раиси Кумитаи ҳуқуқи инсони Подшоҳии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 20.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Раиси Кумитаи ҳуқуқи инсони Подшоҳии Арабистони Саудӣ хонум доктор Ҳала бинти Мазид Ат-Тувайҷирӣ мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки Подшоҳии Арабистони Саудӣ аз ҷумлаи аввалин кишварҳое мебошад, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт.
Иброз гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва бо назардошти манфиатҳои тарафайн бомаром рушд менамоянд.
Дар идома густариши ҳамкории мутақобилан судманд, аз ҷумла дар самти ҳуқуқи инсон бо Арабистони Саудӣ таъкид карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки Маҷлиси намояндагон парламенти касбӣ мебошад ва дар қабули қонунҳо, тасвиби шартномаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар самти ҳуқуқи инсон, таҷрибаи зиёд дорад.
Дар фарҷом ба тавсеаи ҳамкории ду ниҳоди ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон изҳори боварӣ карда шуд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон









Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






