ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 октябр, сешанбе, 294-умин рӯзи соли 2025 аст

21 октябри соли 2002 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннанро дар Душанбе ба ҳузур пазируфтанд.
***
16 сол пеш, 21 октябри соли 2009 дар Душанбе намояндагии Бонки авруосиёии рушд ифтитоҳ гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки шаҳри Душанбе -пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дипломи озмуни VII байналмилалии таҷрибаҳои шаҳрии шаҳрҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё- «Шаҳре, ки он ҷо зистан маъқул аст», сарфароз гардид.
***
21 октябри соли 2015 дар чойхонаи миллии Қасри таърихии Арбоб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд.
***
21 октябри соли 2015 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши «Шамоил. Асрҳои Х1Х-ХХ. Сухан ва тасвир» оғоз гардида, 20 ноябр ба анҷом расид.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 масоили вақт ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб баррасӣ карда шуд.
***
21 октябри соли 2016 дар Қасри миллат дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлют Човушоғлу масоили вақт ва дурнамои ҳамкории ду давлат ва дигар мавзуъҳои муҳим баррасӣ карда шуданд.
***
21 октябри соли 2020 ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлатию ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид гардиданд.
***
21 октябри соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Хуррамзамини деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-ро ифтитоҳ намуданд.
***
21 октябри соли 2022 дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» якумин «Конгресси байналмилалии тиббии давлатҳои Авруосиё» бахшида ба масъалаҳои афзалиятноки соҳаҳои ҷарроҳӣ, гастроэнтерология, мадҳушкунӣ-эҳёгардонӣ, радиология, бемориҳои занона ва дил баргузор гардид.
***
21 октябри соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Комплекси агросаноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Заркорон» ба фаъолияти корхонаи парандапарварӣ оғози расмӣ бахшиданд.
21 ОКТЯБР:
Дар Беларус- Рӯзи падар.
***
Дар Британияи Кабир — Рӯзи себ