ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 октябр, чоршанбе, 295-умин рӯзи соли 2025 аст

Октябрь 22, 2025 08:00

22 октябри соли 2011 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва собиқ Котиби давлатии вақти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҳиллари Клинтон доир ба маҷмуи васеи масоили ҳамкории дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистон ва Амрико ва ҳамгироии судбахш доир ба таъмини эътидол дар Афғонистон табодули назар намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2012 дар ҷаласаи Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардид.

***

22 октябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе  ба муносибати 65-солагии таъсиси радиои бурунмарзии Тоҷикистон – «Овози тоҷик» ҷамъомад доир шуд.

***

22 октябри соли 2016 филми кӯтоҳмуддати «Коса»-и коргардони тоҷик дар Фестивали байналмилалии «Open Central Asia International Arts Festival» дар Лондон ҷоиза ба даст овард.

***

22 октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ гардид.

***

22 октябри соли 2021 дар толори варзишии Муассисаи давлатии Маркази тайёрии олимпии дастаҳои мунтахаби шаҳри Душанбе Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба панкратиони муосир байни наврасон ва ҷавонон доир гардид, ки дар ҳисоби даставӣ дастаи Шурои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ ҷойи и якумро соҳиб шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 дар Коллеҷи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ озмоишгоҳи омӯзишии беҳдошти байторӣ ва ташхиси бемориҳои чорво ташкил ёфт.

22 ОКТЯБР:

Рӯзи байналмилалии нафароне, ки лакнати забон доранд.

***

Рӯзи хизмати молиявию иқтисодии  Қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия.

Октябрь 22, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 октябр, сешанбе, 294-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 октябр, душанбе, 293-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 октябр, якшанбе, 292-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 октябр, шанбе, 291-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 октябр, ҷумъа, 290-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 октябр, панҷшанбе, 289-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 октябр, чоршанбе, 288-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 октябр, сешанбе, 287-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 октябр, душанбе, 286-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 октябр, якшанбе, 285-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 октябр, шанбе, 284-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 октябр, ҷумъа, 283-юмин рӯзи соли 2025 аст