ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, душанбе, 300-умин рӯзи соли 2025 аст

Октябрь 27, 2025 08:00

27 октябри соли 1932 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Рӯшон ва Шуғнон ташкил карда шуданд.

***

13 сол пеш, 27 октябри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даромадгоҳи қисмати ҷанубии нақби мошингарди «Шаҳристон» ташриф оварда, дар фазои тантанавӣ онро ифтитоҳ намуданд.

***

27 октябри соли 2013 дар маркази ноҳияи Фархор бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи нави марказӣ мавриди истифода қарор гирифт.

***

27 октябри соли 2014 дар бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Кохи Сомон» бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин Форуми сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) барои давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

***

Соли 2014 дар пойтахти Тоҷикистон намоиши аксҳои «Дастовардҳои Душанбе» баргузор шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 3000-солагии Ҳисор ва ифтитоҳи иншооти зиёди ҷашнӣ ба ин мулки зарнисор ташриф оварда, чойхонаи ғайриодӣ ва боҳашамати миллиро ифтитоҳ намуданд.

***

27 октябри соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон бинои Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии саноати кимиё»-ро пас аз таъмиру навсозӣ ба истифода супориданд.

***

27 октябри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар мулоқоти якуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки омӯзгори тоҷик, директори Муассисаи давлатии Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Зафар Муродзода дар Озмуни байналмилалии «Пешсафони ИДМ» дар байни зиёда аз 1000 довталаб аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуда, бо нишони «Пешсафони ИДМ» қадрдонӣ гардид.

27 ОКТЯБР:

Рӯзи ҷаҳонии мероси аудиовизуалӣ.

***

Рӯзи байналмилалии китобхонаҳои мактабӣ

Октябрь 27, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 октябр, шанбе, 298-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 октябр, ҷумъа, 297-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 октябр, панҷшанбе, 296-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 октябр, чоршанбе, 295-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 октябр, сешанбе, 294-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 октябр, душанбе, 293-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 октябр, якшанбе, 292-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 октябр, шанбе, 291-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 октябр, ҷумъа, 290-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 октябр, панҷшанбе, 289-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 октябр, чоршанбе, 288-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 октябр, сешанбе, 287-умин рӯзи соли 2025 аст