ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 октябр, якшанбе, 278-умин рӯзи соли 2025 аст

5 октябри соли 2011 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони калонтарин масҷид дар шаҳри Душанбе расман ифтитоҳ гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Кӯлоб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи Маҷмааи Нишон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
***
Соли 2018 дар Токио сатҳу сифати муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Ҷопон ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2022 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо ордени «Барои хизмат дар назди Ватан», дараҷаи III мукофотонид.
***
5 октябри соли 2023 дар Ҷумҳурии Беларус Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид. Дар он ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Беларус ва омӯзгорону кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Беларус иштирок намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд.
5 ОКТЯБР:
Дар Тоҷикистон якшанбеи якуми моҳи октябр- Рӯзи омӯзгорон.
***
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон- Рӯзи забони давлатӣ.
***
Дар Русия-Рӯзи кормандони кофтукови ҷиноӣ.
***
Дар Португалия рӯзи ташкили ҷумҳурӣ.