Ҷаласаи ғайринавбатии Кумитаҳои доимии Ассамблеяи СААД ба таври маҷозӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 07.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 6 ноябр ҷаласаи ғайринавбатии Кумитаҳои доимии Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) ба таври маҷозӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷаласа лоиҳаи барномаи фаъолияти Ассамблеяи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) оид ба наздик ва ҳамоҳанг сохтани қонунгузории миллии давлатҳои аъзои СААД барои солҳои 2026–2030 ва лоиҳаи Баёнияи Ассамблеяи парлумонии СААД «Дар бораи таъмини амнияти байналмилалӣ дар шароити ташаккули ҷаҳони бисёрқутбӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳадафи асосии баргузории ҷаласа таҳкими ҳамкории байнипарлумонии кишварҳои аъзои Созмон барои таҳкими принсипҳои амнияти дастаҷамъӣ, сулҳ ва субот мебошад.
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон зарурати таҳкими талошҳои муштараки давлатҳои аъзоро ҷиҳати муқовимат бо таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризми байналмилалӣ, экстремизм ва ҷинояткории фаромилӣ таъкид намуда, нақши дипломатиияи парлумониро ҳамчун василаи муфиди муколама ва эътимод арзёбӣ намуданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






