Дар Душанбе Ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ оғоз гардид

Ноябрь 13, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 13.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид. Дар ҷаласа роҳбарони парламентҳои давлатҳои иштирокдори Иттиҳод иштирок доранд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории ин чорабинӣ.

Дар ҷаласа иштирокчиён маълумотро оид ба қарорҳои Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 10 октябри соли 2025 ва Шурои сарони ҳукуматҳои давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 29 сентябри соли 2025 шунида, як қатор масъалаҳоро баррасӣ мекунанд. Аз ҷумла, раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ дар соли 2025, фаъолияти Комиссияи ҳуқуқи инсон Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, супоридани ҷоизаи ба номи Чингиз Айтматов ва дигар масъалаҳои рӯзнома мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Ҳайатҳои парламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳод ҳамчунин нақшаи кори Ассамблеяро барои соли 2026 ва натиҷаҳои чорабиниҳои баргузоргардидаро дар соли равон баррасӣ хоҳанд кард.

Дар ҷаласа роҳбарону вакилони парламентҳои давлатҳои аъзо масъалаҳои таҳкими ҳамкории байнидавлатӣ, тавсеаи заминаҳои қонунгузорӣ ва таъмини амнияти минтақавиро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Ҳамчунин дар ҳамоиш оид ба рушди минбаъдаи ҳамкории байнипарламентӣ мубодилаи афкор доир мегардад.

Ёдовар мешавем, ки пагоҳ, 14 ноябр 59-уми ҷаласаи пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 13, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид