Дар Парлумон «Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» баррасӣ гардид

Ноябрь 27, 2025 16:51

ДУШАНБЕ, 27.11.2025 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Дар иҷлосия лоиҳаи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2027-2028, лоиҳаи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2027-2028, Дар бораи «Самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» ва давраи миёнамуҳлат, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокима карда шуданд.

Ҳамзамон дар иҷлосия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ва пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани рутбаҳои махсус ба кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз рӯи ҳама  масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 27, 2025 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид