Файзалӣ Идизода бо Элза Пинёл густариши робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Фаронсаро баррасӣ намуд

Ноябрь 18, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 18.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 ноябр Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Элза Пинёл мулоқот намуд, ки зимни он ҷонибҳо густариши робитаҳои байнипарлумониро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Файзалӣ Идизода изҳор намуд, ки аз лаҳзаи ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, Фаронса аз ҷумлаи аввалин давлатҳои абарқудрат буд, ки истиқлолияти моро эътироф намуд. Аз замони барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ  байни  кишварҳои мо  (соли 1992) то имрӯз  равобити дуҷониба тадриҷан густариш меёбанд.

Иброз гардид, ки ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону  Фаронса бар асоси 30 созишномаи байналмилалӣ бунёд ёфтаанд, ки ба самаранокии талошҳои дипломатии ҷонибҳо мусоидат менамояд.

Дар вохӯрӣ изҳори итминон гардид, ки ҳамкории байнипарламентӣ  минбаъд низ рушд хоҳанд ёфт.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Ноябрь 18, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид