Файзалӣ Идизода бо Раиси Кумитаи Думаи давлатии Федератсияи Русия вохӯрӣ намуд
ДУШАНБЕ, 14.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи ҷаласаи 59-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, вохӯрии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Раиси Кумитаи Думаи Давлатии Федератсияи Русия оид ба корҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамгироии Авруосиё ва робита бо ҳамватанон Леонид Калашников баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Иброз гардид, ки муносибатҳои байнипарламентии давлатҳо рӯз ба рӯз густариш меёбад, ки ин барои рушду таҳкими муносибатҳо дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла маориф, илм, фарҳанг, маънавиёт, иҷтимоиёт, сайёҳӣ ва варзиш заминаи устувор фароҳам меорад.
Гуфта шуд, ки забони русӣ дар мамлакати мо мақоми конститутсионӣ дошта, ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. Шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо забони русӣ сол ба сол дар Тоҷикистон зиёд мешавад.
Таъкид гардид, ки мулоқоти имрӯза низ ба таҳкими муносибатҳои байнипарламентии ду давлат, дӯстӣ ва густариши робитаҳо дар ҳама соҳаҳо мусоидат менамояд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






