МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъемоли биҳӣ мушкилоти ҳозима, аз ҷумла қабзиятро кам мекунад
ДУШАНБЕ, 09.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Агар хоҳед, ки дар мавсими сармо ба бемори дил ва рагҳои хунгард гирифтор нашавед, мураббои аз биҳӣ омодашударо истеъмол намоед. Зеро антиоксидантҳо ва нахҳои ғизоӣ дар биҳӣ метавонанд сатҳи холестеринро коҳиш диҳанд, ки ба солимии дил ва рагҳои хунгард таъсири мусбат мерасонад. Чунин тавсия медиҳанд мутахассисони соҳаи тиб дар хусуси фоидаҳои биҳӣ ба организми инсон.
Биҳӣ ягона мевае аст, ки ҳангоми коркард тақрибан ҳама моддаҳои ғизоии тару тозаи таркиби он ҳифз карда мешавад. Дар таркиби биҳӣ витаминҳо, минералҳо, нахи парҳезӣ, антиоксидантҳо ва кислотаҳои органикӣ мавҷуданд. Барг, мева, дона ва гули он хусусияти шифобахшӣ дорад. Он дорои витамини C ва антиоксидантҳо мебошад, ки ба қувват бахшидани иммунитет кӯмак мекунад ва инсонро аз бемориҳои гуногун муҳофизат мекунад.
Биҳӣ дорои миқдори зиёди нахҳо мебошад, ки ба кори хуби системаи ҳозима мусоидат мекунад. Истеъемоли он мушкилоти ҳозима, аз ҷумла қабзиятро кам мекунад. Витамини C ва антиоксидантҳо метавонанд ба саломатии пӯст кӯмак расонад, раванди пиршавии онро суст ва пӯстро аз осеби радикалҳои озод муҳофизат кунанд. Инчунин биҳӣ дорои хосиятҳои зидди илтиҳобист, ки метавонад дар табобати бемориҳои гуногун, аз ҷумла бемориҳои буғумҳо ва илтиҳоби меъдаю рӯда кӯмак кунад.
Хӯрдани биҳӣ ё шарбати он метавонад як роҳи табиии нигоҳ доштани саломатӣ ва пешгирӣ кардани бемориҳои гуногун бошад.
Меваи биҳӣ хусусияти мубориза бурдан бар зидди вирусҳоро дошта, бо холестерини барзиёд мубориза мебарад. Истеъмоли он ҳолати қайкуниро бартараф месозад. Он барои нафароне, ки бештар ба ҳолати асабоният (стресс) гирифтор мешаванд, давои беҳтарин мебошад.
Мутахассисон барои пешгирии дарунравӣ чунин давои аз биҳӣ омодашударо тавсия медиҳанд: 200 грамм меваи биҳиро кӯфта, ба як литр оби ҷӯш андохта, дар оташи паст бояд 20 дақиқа ҷӯшонид. Сипас то шифо ёфтан ҳар соат 100-миллиграммӣ бояд бинӯшед.
Истеъмоли биҳӣ дар ҳолати хом хуб нест ва зараровар мебошад, зеро биҳии хом рагҳои баданро маҳкам мекунад. Мизоҷи биҳӣ гарм буда, барои касоне, ки гарммизоҷ ҳастанд, хуб нест.
Дар тибби муосир ҷавҳар ва тухми биҳиро барои табобати бемориҳои камхунӣ, бод, хала, нуқси аъзои нафас, истисқо (обхӯра), исҳол, сурфа ва ғайра истифода мебаранд.
Абуалӣ ибни Сино биҳӣ ва шарбати аз меваи биҳӣ тайёркардаро ҳамчун доруи рафъи исҳол, рафъи иштиҳо ва пешоброн истифода мебурд. Шарбати биҳӣ нафастангӣ, балғами хунолуд ва дигар бемориҳоро шифо мебахшад. Маҳлули луобе, ки аз тухми биҳӣ гирифта мешавад, дар мубориза ба муқобили касалиҳои шуш ва роҳҳои нафас фоидаи хуб мебахшад.
Ба тавсияи Абуалӣ ибни Сино, тухми биҳӣ барои хушкии даҳон муфид аст (махсусан ҳангоми суҳбати тӯлонӣ ё суханронӣ). Барои ин 30 дақиқа пеш аз сухан гуфтан 2-3 дона тухми биҳиро ба зери забон партоед. Дар тибби халқӣ барги биҳӣ, пӯсти навда ва навдаҳои ҷавони онро барои диабети қанд ва фишори хун истифода мебаранд. Он ба асабҳо ва баъзе навъҳои дарди сар таъсири муфид дорад.
Биҳӣ аз дигар дарахтон дертар гул мекунад. Дар саноати хӯрокворӣ аз биҳӣ мураббо, мармалод ва шарбатҳои гуногун таҳия менамоянд. Инчунин пӯсти дарахти биҳӣ шифобахш аст, онро хушк ва майда карда, ҳамчун чойи хушк истифода менамоянд. Меваи биҳиро аз турбтарош гузаронида, дар дег таф дода, дар замонҳои қадим ҳамчун чойи хушк низ кор мефармудаанд.
Дар баъзе минтақаҳои мамлакат дар оши палав биҳиро ду қисм карда, ба дег мегузоранд. Аммо набояд фаромӯш кард, ки биҳии зиёд ошро ланҷ мекунад. Аз ҳамин сабаб дар оши палав биҳиро кам ҳамроҳ карда, мепазанд. Пораҳои биҳии туршакро барои ширин кардани равғани пахта истифода мебаранд. Ба деги равғани доғкардаистода барои аз байн бурдани талхияш биҳиро чанд пора карда мепартоянд ва то сиёҳ шудан онро дар равған нигоҳ медоранд. Барои ин кор сабзӣ, намак ва обро ҳам истифода мебаранд, аммо агар равған бо биҳӣ ширин карда шавад, ҳам ширин ва ҳам хушбӯй мегардад, мегӯянд кордонҳо.
Барои хушбӯй кардани хона пӯчоқ ва ё пораи биҳиро ба болои лахчаи даруни сандалӣ мепартоянд ва ҳавру дуди аз он мебаромада бӯи хуш дорад.
Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Намнокии баланди ҳаво сабаби пайдоиши туман мегардад
«МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ, БАЪД МУСАЛМОН!». Андешаҳо оид ба таносуби арзишҳои миллӣ ва динӣ дар фарҳанги тоҷикон
Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар масофаи 900 метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Бахшида ба он ҳамоиш доир гардид
МАРКАЗИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Чаро бояд чунин марказ таъсис дода шавад?
Дар даври ноҳиявии озмуни «Хушдомани беҳтарин» Давлатбӣ Каримова сазовори ҷойи аввал гардид
Дар Вазорати адлия хизматрасонии электронии тасдиқи аслияти маълумотномаи вазъи оилавӣ бо QR-рамз ба роҳ монда шуд
Таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ на танҳо иқдоми сиёсию фарҳангӣ, балки даъват ба худшиносии миллӣ аст
Ба Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» барои соли 2026 Маркази миллии тестӣ низ ҳамроҳ гардид
Устувории иқтисоди миллӣ дар заминаи сиёсати пулию қарзӣ ва Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ. Андешаҳо дар ин маврид
ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар Тоҷикистон иқтидори энергияи бодӣ 1 926,35 МВт-ро ташкил медиҳад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мавсими мувофиқ барои шинонидани гули садбарг моҳҳои январ-феврал аст






