Рустами Эмомалӣ ва Валентина Матвиенко ба «Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Ю.А. Гагарини шаҳри Душанбе» ташриф оварданд

Ноябрь 13, 2025 15:15

ДУШАНБЕ, 13.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия  Валентина Матвиенко ба Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистону Русия — «Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Ю.А. Гагарини шаҳри Душанбе» ташриф оварданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ хабар доданд.

Дар ин ҷо, дар ҳузури роҳбарони палатаҳои болоии парламентҳои ду мамлакат маросими тақдимоти автомашинаҳои сабукрав ба муассисаҳои таълимии Тоҷикистону Русия баргузор гардид.

Муассисаи таълимӣ дар доираи ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Русия дар шаҳри Душанбе дар масоҳати умумии 2,4 гектар барои 2448  хонанда дар ду баст сохта шудааст.

Дар айни замон дар Тоҷикистон 71 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо забони русӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо беш аз 43 ҳазор хонандагон таҳсил менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки 1 сентябри соли 2022 бо иштироки маҷозии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода панҷ муассисаи таълимии муштарак бо забони русӣ ба истифода дода шуданд. Ин муассисаҳо дар доираи муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар соҳаи маориф ва илм фаъолият менамоянд.

Дар маросими ифтитоҳи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии муштараки Тоҷикистон ва Русия дар Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд, ки «давоми се даҳсолаи охир Тоҷикистон ва Русия дар роҳи рушд ва таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ, ки дар воқеъ имрӯз тамоми самтҳои асосии ҳамкориро фаро мегиранд, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Дар рӯзномаи муносибатҳои мо масъалаҳои вобаста ба густариши пайвастаи равобити гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг мақоми хосса доранд. Саъю талошҳои мо дар роҳи тавсеаи имконият ҷиҳати гирифтани маълумоти миёна ва олӣ ба забони русӣ натиҷаҳои дилхоҳ медиҳанд».

Бояд иброз намуд, ки дар Тоҷикистон ба таълим ва омӯзиши забонҳои русию англисӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Далели ин 4 апрели соли 2003 ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Тоҷикистон» мебошад.

АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 13, 2025 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд