СИЁСАТИ МУВАФФАҚИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Шарикии стратегӣ дар доираи аҳдномаи дӯстӣ тақвият меёбад
ДУШАНБЕ, 17.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати пешгирифтаи «дарҳои кушод» дар ҷаҳон ва минтақа мавқеи худро марҳила ба марҳила боло бурда, бо ташаббусҳои созандаи сатҳи ҷаҳонӣ раванди ҳамкориро дар самтҳои гуногуни сиёсати хориҷӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ тақвият мебахшад. Идомаи мантиқии сиёсати муваффақона ва дурбинонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳон ва минтақа баимзорасонии Аҳднома оид ба ҳусни ҳамҷавории абадӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад.
Имзои ин аҳднома дар марҳалае ба вуқуъ пайваст, ки ҷаҳон шоҳиди тағйироти ҷиддии сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ мебошад. Афзоиши рақобатҳои геополитикӣ, таҳдидҳои нави амниятӣ, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ ва таҳаввулоти мураккаби иқтисодӣ зарурати ҳамгироии бештар ва иттиҳоди кишварҳои минтақаи моро тақозо дорад.
Дар чунин шароит сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар асоси принсипҳои дӯстӣ, ҳамзистии осоишта, ҳамкорӣ ва таъмини амният устуворона амалӣ мегардад. Маҳз ҳамин сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат имкон дод, ки Тоҷикистон дар тамоми ташаббусҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мавқеи фаъол дошта, барои таҳкими сулҳ, субот ва рушди устувор дар минтақа саҳми арзанда гузорад.
Аҳднома оид ба ҳусни ҳамҷавории абадӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин 17 июни соли 2025 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расидааст. Он аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ (ратификатсия) ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2025 тасдиқ (ратификатсия) гардид.
Аҳднома аз дебоча ва 15 модда иборат буда, бо мақсади таҳкими ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкории мутақобил, таъмини сулҳ, субот ва рушд дар минтақа, таҳкими ҳамкории ҳамаҷониба ба саъю кӯшиши муштарак ва манфиати аслии халқҳои тамоми кишварҳо ба имзо расидааст.
Тибқи меъёрҳои ҳуҷҷати мазкур Тарафҳо дар асоси принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии умумиэътирофшуда муносибатҳои шарикии дарозмуддат ва мустаҳками старатегӣ, эҳтироми мутақобили соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзӣ, ба якдигар ҳамла накардан, дахолат накардан ба корҳои дохилӣ, баробарӣ, манфиати мутақобил ва ҳамзистии осоиштаро тасдиқ кардаанд.
Барои роҳ надодан ба ҳар гуна фаъолият дар ҳудуди худ, ки ба принсипҳои соҳибихтиёрии давлатӣ ва тамомияти арзӣ мухолифат менамояд, тадбирҳо андешида, дар иттиҳод ва блокҳое, ки ба муқобили Тарафҳои дигар нигаронида шудаанд, иштирок намекунанд ва ягон амали душманонаи ба Тарафҳои дигар нигаронидаро дастгирӣ намекунанд. Илова бар ин, ҷонибҳо бо имзои Аҳднома омодаанд, ки ҳамкориро дар асоси принсипҳои баробарҳуқуқӣ ва манфиати мутақобил дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, сармоягузорӣ, пайвастани инфрасохтор, муҳандисӣ, энергетика, аз ҷумла гидроэнергетика, манбаъҳои барқароршавандаи энергия, нақлиёт, маъданҳо, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, саноати коркард, илму техника ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн густариш диҳанд.
Ҳамзамон барои рушди мубодила ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ, варзиш ва воситаҳои ахбори омма заминаи муфид фароҳам оварда шудааст. Дар ҳоле, ки масъалаҳои таъмини амниятӣ мураккаб ва пешгӯинашаванда арзёбӣ мегарданд, ҳамкории байнидавлатӣ нақши бориз хоҳад дошт. Ин аст, ки давлатҳои иштироккунандаи Аҳднома ба мувофиқа расиданд, ки мутобиқи қонунгузорӣ ва уҳдадориҳои байналмилалии худ ҳамкориро дар шаклҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар муборизаи муштарак бар зидди терроризм, сепаратизм, ифротгароӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, муомилоти ғайриқонунии силоҳ ва воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо таҳким бахшида, эътимоди мутақобилро дар соҳаҳои мудофиа, саноати мудофиа ва амният вусъат медиҳанд.
Аҳднома таъкид менамояд, ки муносибатҳои байни давлатҳои иштироккунанда бар принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳалли баҳсҳо бо роҳҳои осоишта асос меёбад. Ин меъёр, пеш аз ҳама, барои таъмини устувории сиёсӣ ва амнияти мутақобил аҳамияти бунёдӣ дорад ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ паёми равшан мерасонад, ки давлатҳои минтақа сиёсати сулҳомез ва масъулро пайравӣ мекунанд.
Дар ин ҳуҷҷати таърихӣ ба таври равшан масъалаи эҳтироми соҳибихтиёрии давлатӣ ва тамомияти арзии кишварҳо матраҳ шуда, ҳамзамон манъи иштироки тарафҳоро дар блокҳо ва иттиҳодҳое, ки бар зидди тарафи дигар равона шудаанд, муқаррар мекунад. Яъне, ин Аҳднома кафолати сиёсати «Ҳусни ҳамҷавори бе мухолифат» мебошад. Он барои Осиёи Марказӣ ва Чин ҳамчун заминаи суботи тӯлонӣ ва пешгирии ҳар гуна муқобилияти геополитикӣ хизмат хоҳад кард.
Ин санад заминаи ҳуқуқиро барои ҳамгироии сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ мустаҳкам намуда, имконият медиҳад, ки кишварҳои минтақа ба таҳдидҳои ҷаҳонӣ бо мавқеи ягона бароянд ва рушди иқтисодиёти устувор, тиҷорати озод, инфрасохтори ҳампайваст ва энергетикаи “сабз”-ро ҳадаф гиранд. Он муҳимтар аз ҳама, ба таҳкими муносибатҳои дӯстӣ байни халқҳо мусоидат менамояд, то ки сулҳу субот аз насл ба насл интиқол ёбад.
Бо таъкиди таъмини сулҳ, субот ва рушд дар минтақа кишварҳои иштироккунанда азм намудаанд, ки тавассути таҳкими ҳамкории ҳамаҷониба ва саъю кӯшиши муштарак на танҳо ба манфиати миллии худ, балки ба манфиати аслии халқҳои тамоми давлатҳо ҷавобгӯ бошанд. Аз ин рӯ Аҳднома на танҳо барои Осиёи Марказӣ, балки барои тамоми қитъаи Осиё ва ҷаҳон аҳамияти хоса дорад.
Имзои ин аҳднома байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барои мамлакати мо низ ниҳоят муҳим арзёбӣ мегардад. Он имкон медиҳад, ки дар доираи лоиҳаи «Як камарбанд, як роҳ» ҷиҳати расидан ба татбиқи босамари ҳадафҳои стратегии мамлакат, рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия, гузариш ба иқтисоди «сабз», истифодаи оқилонаи захираҳои обию энергетикӣ ва иҷрои сифатноки бандҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 шароити мусосид фароҳам оварад.
Аз ин рӯ, Аҳдномаи мазкур ҷавобгӯи ниёзҳои воқеии давраи таҳкими эътимоди стратегӣ, дӯстии халқҳо ва рушди ҳамкории бисёрҷониба дар доираи як ҷомеаи муштарак мебошад. Он ба платформаи нави сулҳ ва ҳамзистии осоишта, тавсеаи эътимоди сиёсӣ, рушди иқтисодӣ ва мустаҳкам шудани робитаҳои мардумон асос мегузорад. Он далели равшан аст, ки давлатҳои минтақа сиёсати созанда, боэътимод ва дарозмуддатро интихоб намуда, роҳи ояндаро ба сӯйи субот ва ҳамкории судманд ҳамвор месозанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои аввали истиқлоли давлатӣ сиёсати ҳамсоягии нек ва ҳамкории созандаро бо ҳама кишварҳои минтақа ва ҷаҳон пайравӣ намуда, ҳамеша ҷонибдори таҳкими фазои сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад. Аҳдномаи мазкур на танҳо таҳкими заминаҳои ҳуқуқии ҳамкорӣ, балки ифодаи руҳи навини ҳамсоягии стратегӣ мебошад. Он дар баробари ҳадафҳои сиёсӣ ва амниятӣ паёми фарҳангӣ низ дорад, яъне он паёми ваҳдат, эҳтиром ва масъулияти муштарак барои сарнавишти ояндаи минтақа мебошад.
Насрулло МАҲМУДЗОДА,
Саид ҒОИБНАЗАРЗОДА,
вакилони Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон доир гардид
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи 23-юми тирамоҳии Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок дорад
Файзалӣ Идизода бо Раиси Кумитаи Думаи давлатии Федератсияи Русия вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи 59-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 59-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ оғоз шуд
Ҳайати сарони кишварҳои аъзои Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Валентина Матвиенко ба муҳлати нав Раиси Шурои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ интихоб гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ оғоз гардид
Мавсума Муинӣ дар ҷаласаи Муколамаи занон – неруи тавонои Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ ва Валентина Матвиенко ба «Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Ю.А. Гагарини шаҳри Душанбе» ташриф оварданд






