ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 ноябр, ҷумъа, 325-умин рӯзи соли 2025 аст

Ноябрь 21, 2025 08:00

21 ноябри соли 2002 дар шаҳри Млада Болеслави Ҷумҳурии Чехия  зимни вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони ҳайати расмии чех ва ширкати автомобилсозии машҳур «Шкода АУТО» масъалаи дар шаҳри Душанбе кушодани ин фурӯшгоҳи автомобилӣ баррасӣ гардид.

***

21 ноябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари ҳайати Парлумони Иттиҳоди Аврупо доир ба робитаҳо бо давлатҳои Осиёи Марказӣ Ивета Григуле масоили вобаста ба ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнии шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Рақс моро муттаҳид менамояд» доир гардид.

***

21 ноябри соли 2017 дар Қасри миллат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 нафар сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Муғулистон, Ҷумҳурии Индонезия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Шоҳигарии Марокаш, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Ҷумҳурии Кипр ва Давлати Исроил бо паёму дуруд аз роҳбарони давлатҳои хеш эътимоднома тақдим намуданд.

***

21 ноябри соли 2019 дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судӣ баргузор гардид.

***

21 ноябри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони навтаъйини Русия, Куба, Мексика, Аргентина, Чад ва Гана эътимоднома қабул намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия дар Қасри Кремл мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ҷаласа Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, роҳбарони ҳайатҳои парламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Туркманистон иштирок намуданд.

21 НОЯБР:

Рӯзи ҷаҳонии телевизион.

***

Рӯзи ҷаҳонии салом.

***

Дар Русия – Рӯзи кормандони сохтори андоз.

Ноябрь 21, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 ноябр, панҷшанбе, 324-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 ноябр, чоршанбе, 323-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 ноябр, сешанбе, 322-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 ноябр, душанбе, 321-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 ноябр, якшанбе, 320-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 ноябр, шанбе, 319-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 ноябр, ҷумъа, 318-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 ноябр, панҷшанбе, 317-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 ноябр, чоршанбе, 316-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 ноябр, сешанбе, 315-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 ноябр, душанбе, 314-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 ноябр, якшанбе, 313-умин рӯзи соли 2025 аст