ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 ноябр, шанбе, 326-умин рӯзи соли 2025 аст

Ноябрь 22, 2025 08:00

22 ноябри соли 2002 дар «Конгресс-сентр»-и шаҳри Прага Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити давлатҳои аъзои Шурои шарикии Аврупою Атлантика, ки кишварҳои НАТО ва барномаи «Шарикӣ ба хотири сулҳ» (ҳамагӣ 46 давлат) аъзои он мебошанд, суханронӣ намуданд.

***

22 ноябри соли 2016 дар Қасри миллат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 14 Сафири Фавқулода ва Мухтори давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътимоднома қабул намуданд.

***

22 ноябри соли 2013 масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар самтҳои амният, ҳарбӣ – сиёсӣ, иқтисодӣ – иҷтимоӣ ва гуманитарӣ муҳокима шуданд.

***

9 сол пеш, 22 ноябри соли 2016 паҳлавони маъруфи тоҷик Парвиз Собиров дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни собиқадорон (Veterans World Judo Championships 2016), ки дар шаҳри Форт-Лодердейли иёлати Флоридаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир шуд,  сазовори ҷои якум ва медали тилло  гардид.

***

22 ноябри соли 2018 бахшида ба 25–солагии ба имзо расидани «Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии тарафайн байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳи «Тоҷикистон ва Русия: бо роҳи дӯстӣ ва созандагӣ» баргузор гардид.

***

22 ноябри соли 2021 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амниятӣ Ҷозеп Борреллро, ки бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон қарор дошт, ба ҳузур пазируфтанд. Зимни вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

***

22 ноябри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори Хадамоти разведкаи берунии Федератсияи Русия Сергей Наришкинро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омада буд, ба ҳузур пазируфтанд.

***

22 ноябри соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Минск бо Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко мулоқот намуданд. Дар ҷараёни мулоқот роҳбарони ду давлат вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Беларусро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 дар шаҳри Душанбе ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи Ватан» қадрдонӣ гардиданд.

22 НОЯБР:

Дар Арманистон – Рӯзи кормандони бонкдорӣ.

***

Дар Ливан – Рӯзи истиқлол.

***

Дар Русия- Рӯзи равоншинос. 

Ноябрь 22, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 ноябр, ҷумъа, 325-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 ноябр, панҷшанбе, 324-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 ноябр, чоршанбе, 323-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 ноябр, сешанбе, 322-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 ноябр, душанбе, 321-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 ноябр, якшанбе, 320-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 ноябр, шанбе, 319-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 ноябр, ҷумъа, 318-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 ноябр, панҷшанбе, 317-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 ноябр, чоршанбе, 316-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 ноябр, сешанбе, 315-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 ноябр, душанбе, 314-умин рӯзи соли 2025 аст