ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ. Дар Тоҷикистон 834 ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст

Ноябрь 2, 2025 09:20

ДУШАНБЕ, 02.11.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 81835 маърака ва маросим ба қайд гирифта шудааст. Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи комиссияҳои доимӣ, ҳангоми баргузории рейдҳо 834 ҳолати қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қайд гирифта шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори раёсати танзими ҷашну маросими Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷабборов хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, дар ин давра дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 501 комиссияҳои доимӣ фаъолият намуданд.

Дар нуҳ моҳи соли равон аз ҷониби комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз ҷараёни баргузории маъракаҳо 18906 рейдҳои назоратӣ ва санҷишӣ гузаронида шуд.

Бояд гуфт, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таърихи қонунгузории на танҳо мамлакати мо, балки дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳодисаи воқеан ҳам, беназир мебошад. Ин амал аз ҷаҳду талоши роҳбарияти давлати тозаистиқлоламон дар ҷодаи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд, ки заминаи онро арзишҳои миллӣ ва динӣ ташкил мекунад, дарак медиҳад.

Бо қабули қонуни мазкур давлати мо ба танзими муҳимтарин рукнҳои ҳаёти иҷтимоӣ, анъана ва маросимҳои миллию динӣ рў оварда, барои ба манфиати иқтисодӣ, устувории ҳаёти иҷтимоӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон равона гардидани онҳо амали бениҳоят муҳимеро анҷом дод.

Ба андешаи коршиносон, таҷрибаи солҳои охир собит намуд, ки риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» на танҳо мушкили молии мардумро осон кард, балки барои дигар мардумони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, ки бо тоҷикон дар доираи анъанаҳои муштарак зиндагӣ мекунанд, намунаи ибрат гардид. Бо амалӣ шудани ҳукми қонуни мазкур мушкилоти қишрҳои гуногуни ҷомеаи мо, алалхусус аҳолии камбизоат, ба андозаи чашмрас осон гардид.

Дар ҷумҳурӣ 5591 комиссияҳои ҷамъиятии танзими ҷашну маросим фаъолият менамоянд

Танзими анъана ва ҷашну маросим барои ба эътидол овардани муносибатҳои ҷамъиятӣ ва инкишофи худшиносии миллӣ, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ нақши муҳим дорад. Ба танзим даровардани ҷашну маросим омили муҳимми амалӣ гардидани шарт ва унсурҳои давлати иҷтимоӣ ва таъмини шароити зиндагии арзандаи шаҳрвандон дониста мешавад.

Дар радифи таъмини иҷрои талаботи моддаи 7-и қонуни мазкур, дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 501 комиссияҳои доимӣ амал менамояд. Ҳамзамон дар иртибот ба талаботи моддаи 8-и қонун тибқи маълумоти шуъба ва бахшҳои дин ва танзими ҷашну маросими вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳое, ки на камтар аз 30 нафар корманд доранд, дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ 5591 комиссияҳои ҷамъиятии танзими ҷашну маросим фаъолият менамоянд.

Дар давраи амали Қонуни танзим беш аз 12 миллиард сомонӣ сарфа шудааст

Бояд гуфт, ки гарчанде баъзе аз шаҳрвандони худогоҳ ба нолозиму зиёдатӣ будани баъзе аз ҷашну маросим боварӣ доранд, аммо зери фишори аъзои хонавода, хешовандон ва маҳалла ҷашну маросимро сермасраф баргузор менамоянд. Ҳамчунин, таҳлилҳои коршиносону мутахассисони соҳа маълум менамоянд, ки баъзе аз шаҳрвандон ҳанӯз ҳам аз моҳияту маънои аслии баргузории ҷашну маросим пурра хабардор нестанд ва ба таври ноогоҳона ба дигарон тақлид ва пайравӣ мекунанд. Ҳастанд нафароне, ки бо сабаби паст будани фарҳанги ҳуқуқӣ талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро риоя ва иҷро намекунанд. Лек ин нафарон бехабар аз онанд, ки риояи ин қонун сатҳи зиндагии рӯзмарраи мардумро боло бурда, харҷӣ барзиёдатиро аз байн мебарад.

Бино ба маълумоти моҳи июни соли 2007 ва то моҳи марти соли 2025, дар давраи пеш аз қабули Қонун дар баргузории 52 маъракаи манъгардидаи ҷумъагӣ дар як сол барои 231482 нафар шахси фавтида беш аз 12 миллиарду 037 млн. 064 ҳазор сомонӣ (ба ҳисоби миёна дар як маърака тақрибан 1000 сомонӣ) зарур меомад. То давраи қабули Қонун барои баргузории 2 миллиону 355 ҳазору 926 маърака, ба ҳисоби камтарин 20 миллиарду 614 миллиону 352 ҳазору 500 сомонӣ зарур меомад.

Ҳоло шаҳрвандон дар давраи амали Қонун бо баргузории маъракаҳои тўйҳои домодию арӯсӣ маҳдуд гардида, маблағи беш аз 12 миллиарду 092 миллиону 178 ҳазору 451 сомонӣ ба манфиати буҷаи оилавии онҳо нигоҳ дошта шудааст. Агар ба ин маблағҳои сарфагардида ба ҳисоби миёна ҷашни зодрӯзро бо камтарин хароҷот илова намоем, тақрибан барои 5 миллион нафар аҳолӣ солона тахминан 1000 сомонӣ сарф мегардид, ки дар маҷмуъ 5 миллиард сомониро ташкил медод. Агар маблағҳои аз маъракаҳо сарфагардидаро дар раванди амали Қонун ба ин ҳисоб зам намоем (12 миллиарду 092 миллиону 178 ҳазору 879 сомонӣ сарфа шудааст), пас маблағи сарфашуда бо дарназардошти маҳдуд гардидани маъракаҳои оилавӣ ҳадди ақал беш аз 29 миллиарду 129 миллиону 410 ҳазору 361 сомониро ташкил медиҳад.

Пасандози шаҳрвандон дар бонкҳо ҳамасола аз 20 то 25 фоиз афзоиш меёбад

Бояд изҳор намуд, ки ба ин дараҷа дар чунин муддати кӯтоҳ хизмат кардани як Қонуни миллиро хотираи қонунгузории кишварҳо кам дар ёд дорад. Ба василаи ин Қонун хароҷоти мардум дар баргузории маъракаҳо дар муқоиса то давраи қабули Қонун се маротиба кам гардид. То давраи қабули Қонун, махсусан маъракаи хурсандии тӯйи домодию арӯсӣ, ки аз се рӯз то як ҳафта идома меёфт, феълан дар рӯзҳои корӣ камтар ба мушоҳида мерасад. Маъракаҳо баъди соати корӣ ва дар рӯзҳои истироҳат бошад, дар доираи соати муайян ва шумораи муайяни меҳмонон барпо мегарданд.

Аз рӯи маълумоти пешниҳоднамудаи Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пасандози шаҳрвандон дар бонкҳо ҳамасола аз 20 то 25 фоиз афзоиш ёфта, гирифтани қарзҳо аз бонкҳо ба мақсади баргузории маъракаҳо аз байн рафтааст.

Бояд иброз намуд, ки амалишавии Қонуни мазкур барои баланд бардоштани маданияти ҳуқуқии шаҳрвандон ва риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуд. Теъдоди ақди никоҳи давлатӣ ба маротиб зиёд гардид. Агар дар соли 2006 дар ҳудуди ҷумҳурӣ 57 ҳазору 115 ақди никоҳ баста шуда бошад, пас аз қабули Қонун ҳамасола ин нишондиҳанда тақрибан ба 100 ҳазор адад мерасад.

Бинобар ин, дастовардҳои Қонуни миллӣ барои ҳама соҳаҳои ҳаёти мамлакат қобили таҳсин мебошад. Зеро он рисолати аслии худро дар ҷомеа амалӣ намуда, барои беҳдошти сатҳи зиндагии мардум саҳми сазовор гузошт. Бешубҳа, тағйиру иловаҳои ба қонуни мазкур воридгардида, саривақтӣ буда, ҷиҳати ба низоми муайян ворид намудани ҷашу маросим нақши созгор гузошт.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 2, 2025 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Прокурори шаҳри Ҳисор Умедҷон Нуридин: «Конститутсия санади ифодакунанда ва ҷавобгӯи ормону орзуи халқи Тоҷикистон аст»
Дилором Абдураҳимзода: «Суди конститутсионии Тоҷикистон ҳамчун мақоми мустақили судӣ волоияти Конститутсияро таъмин менамояд»
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ масъалаи барҳамдиҳии ҳама гуна шаклҳои табъиз баррасӣ гардид
Чӣ боис шуд, ки лозури Деҳдал ин дафъа бо суръати баланд ҳаракат намуд?
БОХТАР — НАМУНАИ ШАҲРСОЗИИ МУОСИР. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи асосиро ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташкил медиҳад
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Хуҷанд яке аз беҳтарин шаҳрҳои бостонии Осиёи Марказӣ ба шумор меравад
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Форуме, ки дар Кӯлоб оилаҳои ҳунармандро ҷамъ овард
Вазири адлияи Тоҷикистон дар Машварати 12-уми вазирони адлияи давлатҳои узви СҲШ иштирок намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ гардид
«НУРИ ИСТИҚЛОЛ». Драмаи Ҷумъа Қуддус дар озмуни ҷумҳуриявии драмнависон сазовори ҷой якум дониста шуд
Дар Кӯлоб Форуми ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» баргузор мегардад