ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, чоршанбе, 344-умин рӯзи соли 2025 аст

Декабрь 10, 2025 08:00

Дар ин рӯзи соли 1948 Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро қабул намуд.

***

10 декабри соли  1994 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

***

10 декабри соли 2010 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуданд.

10 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон.

***

Рӯзи умумиҷаҳонии футбол.

***

Дар Таиланд – Рӯзи Конститутсия.

***

Дар Узбекистон- Рӯзи суруди миллӣ

***

Дар Амрико – Рӯзи истироҳатгоҳи кӯдакона

РӮЙДОДҲО:

Соли 2014 вакилони Маҷлиси намояндагон Созишнома дар бораи принсипҳои асосии ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати  муштараки «Trans-Tajik Gas Pipeline Company Ltd»-ро ба тасвиб расониданд.

***

10 декабри соли 2017 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобили сармоягузорӣ ба имзо расид.

***

10 декабри соли 2013 дар бинои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Душанбе маросими ба имзо расонидани созишномаҳои Барнома оид ба волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судӣ баргузор шуд.

***

10 декабри соли 1939  дар Фаронса дар рӯзҳои душанбе, сешанбе ва ҷумъа ба фурӯш баровардани гӯшт манъ карда шуд.

***

10 декабри соли 1945 Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои таъсис додани қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк розигӣ дод.

***

Соли  1901 аввалин маротиба маросими супоридани ҷоизаи Нобел баргузор гардид.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Баҳром Шермуҳаммадов— соли 1934, — адабиётшинос,  фолклоршинос, доктори илми филология (1988), профессор (1993), Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (аз соли 1994). 

Декабрь 10, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш