ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 декабр, душанбе, 363-юмин рӯзи соли 2025 аст

Декабрь 29, 2025 08:00

29 декабри соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Литсей-интернати махсуси касбии маъюбони Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ташриф оварда, бо шароити намунавии он баъди тармиму навсозии асосӣ аз наздик шинос шуданд ва  бо тарбиятгирандагон суҳбатҳои ҷолиб анҷом доданд.

***

29 декабри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»-ро ба имзо расониданд.

***

Дар  ин рӯзи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар бораи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намудани соли 2018 фармон ба имзо расониданд.

***

29 декабри соли 2023 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар стансияи болоии Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафеддара» роҳи нави лижаронии «Сомонӣ» ифтитоҳ гардида, ба оғози ҳаракати лижаронҳо дар ин масир оғоз бахшида шуд.

29 ДЕКАБР:

 Дар Муғулистон – Рӯзи истиқлолият.

***

Дар Ирландия – Рӯзи Конститутсия.

РӮЙДОДҲО:

Дар ин рӯзи соли 2022 байни шаҳрҳои Душанбе ва Ал-Кувайт нахустин парвоз анҷом дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли  2014 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегия оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024»-ро қабул намуд.

***

29 декабри соли 1970 барои назорати шароити меҳнат дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико идораи ҳифзи меҳнат ташкил карда шуд.

***

29 декабри соли 1991  дар Узбекистон барои ба даст овардани истиқлолият раъйпурсӣ гузаронида шуд. Инчунин дар ин рӯз интихоботи умумихалқии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 1991 99 фоизи аҳолии Озарбойҷон дар раъйпурсӣ барои ба даст овардани истиқлолият овоз доданд.

***

29 декабри соли 1993 Конвенсияи гуногунии биологӣ ба ҳукми амал даромад.

***

Соли 1982 дар Ямайка аввалин маротиба маркаи почтавӣ ба истифода дода шуд.

ДАР ИН РӮЗ  ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Юсуфҷон Аҳмадзода —соли 1947- шоир, нависанда, тарҷумон, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1980) ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2000).

Декабрь 29, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 декабр, якшанбе, 362-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, шанбе, 361-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, ҷумъа, 360-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, панҷшанбе, 359-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, чоршанбе, 358-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, сешанбе, 357-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, душанбе, 356-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, якшанбе, 355-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, шанбе, 354-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, ҷумъа, 353-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, панҷшанбе, 352-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, чоршанбе, 351-умин рӯзи соли 2025 аст