ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 декабр, ҷумъа, 339-умин рӯзи соли 2025 аст
5 декабри соли 1949 Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид давлатҳои аъзоро даъват намуд, ки дар бораи мусаллаҳшавӣ ва қувваҳои мусаллаҳи худ маълумот пешниҳод намоянд.
***
5 декабри соли 2005 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар иҷлосияи сеюми фавқулодаи сарони давлатҳои Созмони Конфронси Исломӣ ба шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ сафар намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар иртибот ба пирӯзии баҳснопазираш дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Узбекистон барқияи табрикӣ ирсол намуданд.
***
5 декабри соли 2022 дар шаҳри Москва дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Вячеслав Володин мулоқот намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Симпозиуми байналмилалии «Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифи таърихи халқи тоҷик» ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
5 декабри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои бунёди бинои нави Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт санги асос гузоштанд. Инчунин дар ин рӯз бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъд аз навсозӣ бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистон, бинои нави Прокуратураи ноҳияи Сино ва Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд.
***
5 декабри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи бинои Суди Олӣ бо кормандони мақомоти судии мамлакат мулоқот намуданд.
5 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии волонтёрон (ихтиёриён) барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ.
***
Рӯзи ҷаҳонии хок
***
Дар Тайиланд — Рӯзи падарон
***
Дар Украина — Рӯзи кормандони омор
РӮЙДОДҲО:
Дар ин рӯзи соли 2012 дар шаҳри Ашқобод-пойтахти Туркманистон ҷаласаи навабатии Шурои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
***
5 декабри соли 2013 дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Парлумони Тоҷикистон, даъвати чорум масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» баррасӣ карда шуд.
***
Соли 1944 дар Олмон заноне, ки синнашон аз 18 боло аст, ба артиш даъват карда шуданд.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Мӯсо Ҷумъаев (1927 – 1995) – доктори илми кишоварзӣ, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.
***
Азиза Азимова (1915 – 1997) – актрисаи балет, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, шанбе, 361-умин рӯзи соли 2025 аст






