ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 декабр, душанбе, 342-юмин рӯзи соли 2025 аст
8 декабри соли 2009 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи IV Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Точикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ доир гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 дар шаҳри Душанбе маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
Соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба заминларзаи 7 декабри соли 2015 рухдода бо раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва раисони 8 шаҳру ноҳияҳои вилоят- Хоруғ, Мурғоб, Шуғнон, Роштқалъа, Ишкошим, Рӯшон, Ванҷ ва Дарвоз телефонӣ суҳбат намуданд.
8 ДЕКАБР:
Рӯзи байналмилалии рассомон
***
Дар Қирғизистон – Рӯзи кормандони радио ва телевизион
***
Дар Булғористон – Рӯзи донишҷӯён
***
Дар Узбекистон – Рӯзи Конститутсия
***
Дар Македонияи Шимолӣ — Рӯзи донишҷӯён
***
Дар Руминия — Рӯзи Конститутсия
***
Дар Финландия —Рӯзи мусиқии финландӣ
РӮЙДОДҲО:
8 декабри соли 2009 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи VII комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид.
***
8 декабри соли 2010 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.
***
8 декабри соли 1949 Созмони Милали Муттаҳид давлатҳои абарқудратро даъват намуд, ки истиқлолияти сиёсии Чинро эътироф кунанд.
***
Дар ин рӯзи соли 1974 дар раъйпурсӣ аксари аҳолии Юнон бар зидди барқарор намудани сохти монархӣ дар мамлакат овоз доданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе 2» ба истифода дода шуд.
***
Соли 1965 —корхонаи бузургтарин дар ҷумҳурӣ — Комбинати шири Душанбе ба истифода дода шуд.
***
8 декабри соли 1955 Ассамблеяи парлумонии Шурои Аврупо парчами расмии ин ниҳодро тасдиқ кард, ки он минбаъд чун мерос ба Иттиҳоди Аврупо гузашт.
***
8 декабри соли 1988 Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи расонидани кумаки байналмилалӣ ба ҷабрдидагони офатҳои табиӣ ва фалокатҳо қатънома қабул намуд.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Мирзоватан Миров-соли 1949 — ҳунарпеша ва коргардони театр, сароянда, оҳангсоз, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1998). Ходими шоистаи ҳунари ҷумҳурӣ (1987), дорандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ (2006).








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 декабр, якшанбе, 341-умин рӯзи соли 2025 аст






