ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 январ, сешанбе, 20-умин рӯзи соли 2026 аст

Январь 20, 2026 08:00

20 январи соли 2008 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва муовини Сарвазири Федератсияи Русия Сергей Наришкин дар ноҳияи Данғара агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» дар фазои тантанавӣ ба кор дароварда шуд.

***

16 сол пеш, 20 январи соли 2010 Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома оид ба таҳияи лоиҳаи хати интиқоли барқи «CASA-1000»- ро  тасдиқ намуд.

***

20 январи соли 2020 дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Душанбе Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуда, зимни он вазъи кунунии ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд ва самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро барои соли 2016 ва давраи миёнамуҳлати оянда муайян намуданд.

20 ЯНВАР:

Дар Мали – Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ.

***

Рӯзи Ҷумҳурии Крим.

РӮЙДОДҲО:

20 январи соли 1939 аввалин шумораи рӯзномаи «Ахбори Шурои Олии ҶСС Тоҷикистон» нашр шуд.

***

20 январи соли 2003 дар шаҳри Душанбе маросими рӯнамоии хатсайри нави ҳавоии «Алмато-Душанбе-Алмато» баргузор гардид.

***

12 сол пеш, 20 январи соли 2014 дар Маркази намоишгоҳи байналмилалии Абузабӣ («ADNEC») Саммити байналмилалии «Энергияи оянда -2014» баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 1892 дар шаҳри Спрингфилд (ИМА) байни донишҷӯён аввалин мусобиқаи расмии баскетбол баргузор гардид.

***

20 январи соли 1925 созишномаи Иттиҳоди Шуравӣ ва Ҷопон дар бораи принсипҳои асосии муносиботи мутақобил (Шартномаи Пекин – 1925) ба имзо расид, ки он муносиботи дуҷонибаи дипломатӣ ва ҳамкории консулиро байни ду давлат ба миён гузошт.

***

Соли 2017 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки Тоҷикистон барои ба феҳристи ғайримоддии ЮНЕСКО ворид намудани «чакан», «атлас» ва «чавгон» номинатсия пешниҳод намуд.

***

Соли 1958 дар Лондон аввалин радарҳои назоратӣ барои санҷиши суръати мошинҳо муқаррар карда шуданд.

Январь 20, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш