ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 январ, душанбе, 26-умин рӯзи соли 2026 аст
26 январи соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири вақти ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Мисри Араб хонум Фоиза Абуннаҷоро, ки ба ҳайси сарвари қисмати мисрии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ ба шаҳри Душанбе омада буд, ба ҳузур пазируфтанд. Дар вохӯрӣ масоили густариши ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ карда шуд.
***
26 январи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе зимни суҳбати телефонӣ бо нахуствазири вақти Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ҳолати вақт ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба байни ду давлати дӯстро мавриди баррасӣ қарор дода, атрофи масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
26 ЯНВАР:
Рӯзи байналмилалии гумрук.
***
Рӯзи ҷаҳонии маърифати экологӣ
***
Рӯзи байналмилалии энергияи тоза
РӮЙДОДҲО:
26 январи соли 2009 дар пойтахти Беларус — шаҳри Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони доимии ваколатдори давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар ниҳодҳои Иттиҳод баргузор гардид.
***
26 январи соли 2010 дар шаҳри Москва Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии «Маркази фарҳанги тоҷикон» дар доираи лоиҳаи Киноклуб «Шоҳкориҳои ҷаҳонии синамогарони миллӣ» шоми эҷодии Ходими хизматнишондодаи санъат, коргардон ва филмноманавис, дотсенти Донишгоҳи давлатии кинематографияи Русия ба номи С. А Герасимов Валерий Аҳадовро баргузор намуд.
***
26 январи соли 2011 дар шаҳри Талдиқурғони Қазоқистон оташи Бозиҳои VII зимистонаи Осиё ба маърази ом гузошта шуд.
***
26 январи соли 2012 бори аввал дар Тоҷикистон кӯдакону наврасон дар истироҳатгоҳи «20-солагии Истиқлолият», воқеъ дар деҳаи хушманзараи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба фароғату истироҳати зимистона фаро гирифта шуданд.
***
26 январи соли 2017 дар шаҳри Ашқобод ҷаласаи VII муштараки Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба масъалаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ баргузор гардид.
***
Соли 1788 шаҳри Сидней – аввалин шаҳри аврупоӣ дар Австралия таъсис дода шуд.
***
Соли 1905 дар Африқои Ҷанубӣ калонтарин алмос дар ҷаҳон пайдо карда шуд.








РУШДИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Портали khizmat.ehukumat.tj ба шаҳрвандон 60 номгӯй хизматрасонӣ пешниҳод менамояд
Дар моҳи феврал сокинони Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ гуна дар шароити хона метавон оиларо бо пиёзи тару тоза таъмин намуд
ПОС ДОШТАНИ УРФУ ОДАТҲОИ МАРДУМӢ. Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН. Дар мавсими ниҳолшинонии имсола дар 100 гектар павлония шинонида мешавад
Паёми Президенти Тоҷикистон — дастур барои ояндаи дурахшон
Истифодаи нуриҳои маъданӣ ба баланд бардоштани ҳосилнокӣ мусоидат менамояд
РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МЕҲНАТ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Сари вақт расонидани ёрии аввалин беморро метавонад аз марг наҷот диҳад
МАРКАЗИ РУШДИ ҲУНАРМАНДӢ ВА МАЛАКАҲОИ КАСБИИ МУОСИР. Кадом касбу ҳунарро дар ин ҷо метавон омӯхт?
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Масъалаи захираи дусолаи маводи хӯрокворӣ дар ҳар оила нисбат ба ҳарвақта мубрамтар мегардад»
САДА — ОЙИНИ МЕҲР ВА ОЗОДИСТ. Ин ҷашн аз замонҳои қадим дар байни гузаштагони мо аҳамияти бузург дошт






