ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 январ, сешанбе, 27-умин рӯзи соли 2026 аст

Январь 27, 2026 08:00

27 январи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом дода, муҳтарам Александр Лукашенкоро ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии давлатии Ҷумҳурии Беларус самимона табрик намуданд.

***

 27 январи соли 2021 дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

***

 Дар ин рӯзи соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии аввалини Нишасти сарони кишварҳои «Осиёи Марказӣ-Ҳиндустон», ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

27 январи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба муносибати бистумин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон  барқияи шодбошӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла чунин гуфта мешавад: «Аз лаҳзаҳои ба даст овардани истиқлолият давлатҳоямон мунтазам ба пурра сохтани мазмуни нави ҳамкории байнидавлатӣ бо ҳамгиройии фаъол дар арсаи байналмилалӣ кӯшиш мекунанд».

***

27 январи соли 2017 дар «Кохи Наврӯз» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2004 Гвардияи президентӣ ба Гвардияи миллии Тоҷикистон тағйири ном кард.

27 ЯНВАР:

Рӯзи байналмилалии хотираи қурбониёни Ҳолокост.

РӮЙДОДҲО:

27 январи соли 1993 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуд.

***

27 январи соли 2017 дар шаҳри Душанбе китоби  «Қазоқҳои Тоҷикистон»-и профессор Абдусаттор Нуралиев рӯнамоӣ гардид.

***

27 январи соли 2017 дар шаҳри Душанбе  ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Федератсияи Русия  оид ба ҳамкории  иқтисодӣ  баргузор гардид.

***

27 январи соли 1935 дар бозии ниҳоии чемпионати Америкаи Ҷанубӣ оид ба футбол дастаи Уругвай дастаи Аргентинаро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард.

***

Дар ин рӯзи соли 1987 Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Муғулистон муносиботи дипломатӣ барқарор намуданд.

***

27 январи соли 1990 забони беларусӣ забони давлатии Беларус эълон карда шуд.

***

 Соли 1916 Манитоба аввалин музофоти Канада шуд, ки дар он ба занҳо ҳуқуқи интихоб дода шуд.

***

Соли 1948  дар Амрико аввалин магнитофони  ширкати «Wire Recording Corporation of America»  ба фурӯш бароварда шуд, ки 149,5 доллар арзиш дошт.

Январь 27, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш