ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 январ, чоршанбе, 28-умин рӯзи соли 2026 аст

Январь 28, 2026 08:00

28 январи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ намудани таъсири омилҳои хатарноки маҳсулоти тамоку ба саломатии инсон, инчунин танзими муомилоти маҳсулоти тамоку «Дар бораи танзими муомилоти маҳсулоти тамоку» фармон ба имзо расониданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо баргузор гардид.

28 ЯНВАР:

 Рӯзи байналмилалии бекорон.

***

Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи маълумоти шахсӣ.

***

Дар Арманистон – Рӯзи қӯшун.

РӮЙДОДҲО:

28 январи соли 2015 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

***

28 январи соли 2016 дар баҳри Эгей, дар наздикии соҳили Юнон киштии муҳоҷирон ба садама дучор шуд.

***

28 январи соли 1943 дар Олмон даъвати занон ба хизмати ҳарбӣ эълон карда шуд.

***

28 январи соли 1978 медали ҷашнии «60-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ» таъсис дода шуд.

***

28 январи соли 1986  пас аз 73 сонияи парвоз киштии кайҳонии «Челленждер-10»-и Америка, ки  барои истифодаи чандинбора сохта шуда буд, таркид. Ҳайати сарнишинон, ки аз 7 кайҳоннавард иборат буд, ҳалок гардид.

***

Соли 1939 маҷаллаи ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии «Тоҷикистон» таъсис дода шуд.

***

Соли 2003 дар Британияи Кабир навъи нави сӯзишворӣ ба фурӯш бароварда шуд.

Январь 28, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш