ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 январ, панҷшанбе, 29-умин рӯзи соли 2026 аст

Январь 29, 2026 08:00

29 январи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) Имангалӣ Тасмагамбетовро дар шаҳри Душанбе ба ҳузур пазируфтанд.

***

29 январи соли 2013 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои амнияти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

***

16 сол пеш, 29 январи соли 2010 дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар соли 2009 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, вазифаҳо барои соли 2010 муайяну мушаххас  карда шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  маориф» — ро  ба тасвиб расонид.

29 ЯНВАР:

 Дар Молдова – Рӯзи кормандони прокуратура.

***

Рӯзи ихтирои автомобил.

РӮЙДОДҲО:

 29 январи соли 2016 дар шаҳри Душанбе масъалаҳои гуногунҷанбаи муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Корея баррасӣ карда шуданд.

***

130 сол муқаддам, 29 январи соли 1896 физики амрикоӣ Э. Груббе аввалин маротиба дар ҷаҳон барои табобати саратон  радиатсияи радиоактивиро истифода бурд.

***

29 январи соли 1919 Конгресси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Конститутсия тағйироти XVIII ворид намуд, ки истеҳсол, воридот ва фурӯши маҳсулоти спиртиро манъ мекард.

***

Дар ин рӯзи соли 1926 дар Иттиҳоди Шуравӣ омӯзиши ҳатмии дарсҳои ҳарбӣ дар мактабҳо ҷорӣ карда шуд.

***

29 январи соли 1947 дар Британияи Кабир ҳарорати пасти рекордии ҳаво ба қайд гирифта шуд, ки 26,7 дараҷа хунукиро ташкил дод.

***

29 январи соли 2016 воситаҳои ахбори омма хабар доданд, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ барои мубориза бо вируси Зика гурӯҳ ташкил дод.

***

 Соли 2017 дар муҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе аввалин намоиши корҳои рассомони ҷавони Тоҷикистон баргузор гардид.

***

Соли 1833 дар Санкт-Петербург аввалин маротиба дар таърихи Русия почтаи байнишаҳрӣ таъсис дода шуд.

Январь 29, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш