ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 январ, ҷумъа, 30-юмин рӯзи соли 2026 аст

Январь 30, 2026 08:00

30 январи соли 2017  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи Иди байналмилалии Наврӯз – 2017-ро тасдиқ намуданд.

***

30 январи соли 2017 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳабдаҳуми Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

***

30 январи соли 2017 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба фарорасии санаи хотирмон дар таърихи муосири муносиботи байнидавлатии Тоҷикистон ва Туркия – 25-солагии барқарор намудани робитаҳои дипломатӣ ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла омадааст: «Тоҷикистон ҷонибдори таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дарозмуддати дӯстона бо Туркия мебошад ва ин мавқеи созгори усули умдаи сиёсати хориҷии мост».

***

30 январи соли 2015 дар шаҳри Душанбе дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 маҷаллаи туристии «34travel» дар асоси тадқиқоти яке аз калонтарин ширкатҳои фаромиллии ИМА-   «MasterCard» рейтинги 5 шаҳреро, ки имконияти зиёди сайёҳӣ доранд, нашр намуд. Дар рейтинги мазкур мақоми аввалро пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе касб намуд. Ба рӯйхат инчунин пойтахти Булғористон– шаҳри София, пойтахти Руминия – Бухарест, шаҳрҳои Касабланкаи Марокаш ва Бостони ИМА дохил шуда буданд.

30 ЯНВАР:

 Дар Озарбойҷон – Рӯзи кормандони хадамоти гумрук.

РӮЙДОДҲО:

30 январи соли 1921 дар Англия  футболи занона манъ карда шуд.

***

30 январи соли 1948 дар шаҳри Санкт-Моритси Швейтсария маросими ифтитоҳи Бозиҳои панҷуми олимпии зимистона баргузор гардид, ки 8 феврал ба анҷом расиданд.

***

30 январи соли 2017 теннисбози швейтсариягӣ Роҷер Федерер маротибаи панҷум дар Чемпионати кушоди Австралия ғолиб омад.

***

 Соли 2018 дар Тоҷикистон бори аввал иди бостонии Сада дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифта шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми телевизионӣ Иди Садаро «Мелоди оташ» ном гирифтанд. Ва ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат мебошад, зеро он ифодаи амиқтарини ин анъанаи бостонии халқи тоҷик аст, ки аз қаъри асрҳо ба мо омада расидааст.

***

Соли 2012  дар шаҳри Душанбе аввалин маротиба ҷаласаи Кумитаи марказии Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардида, дар он қарори таъсис додани Лигаи миллии футбол қабул карда шуд.

Январь 30, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш