ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 январ, шанбе, 31-умин рӯзи соли 2026 аст
31 январи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Доналд Ҷон Трамп бинобар садама ва суқути ҳавопаймои мусофирбар ва чархболи низомӣ дар фазои Вашингтон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.
***
31 январи соли 2017 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари ширкати «Салини Импреҷило» (Salini Impregilo) Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масъалаҳо оид ба вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Ширкати «Салини Импреҷило» дар бунёду барқарорсозии иншооти гидроэнергетикӣ, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии «Роғун» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
***
31 январи соли 1927 ноҳияи Исфара (ҳоло шаҳри Исфараи вилояти Суғд) таъсис дода шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ боз ду минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ) – МОИ «Ишкошим» ва «Данғара» таъсис дода шуданд.
31 ЯНВАР:
Рӯзи байналмилалии заргар.
***
Рӯзи байналмилалии тозакунии об.
РӮЙДОДҲО:
31 январи соли 2013 дар шаҳри Душанбе масъалаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ гардид.
***
31 январи соли 2017 дар шаҳри Душанбе маросими супоридани дипломҳо ба барандагони озмуни Д. Менделеев ва М. Ломоносов баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 1865 Дмитрий Иванович Менделеев рисолаи докториашро дар мавзуи «Дар бораи омехташавии спирт бо об» ҳимоя намуд ва унвони профессори Донишгоҳи Петербургро дар кафедраи кимиёи техникӣ ба даст овард.
***
31 январи соли 1893 тамғаи молии «Кока-Кола» ба қайд гирифта шуд.
***
31 январи соли 1906 дар Эквадор пуршиддаттарин заминҷунбӣ дар таърих ба қайд гирифта шуд, ки аз рӯи ҷадвали Рихтер 8,6 баллро ташкил дод.
***
Соли 1924 аввалин Конститутсияи Иттиҳоди Шуравӣ қабул гардид.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 январ, ҷумъа, 30-юмин рӯзи соли 2026 аст






