ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 феврал, якшанбе, 32-юмин рӯзи соли 2026 аст

Февраль 1, 2026 08:00

1 феврали соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари вақти Агентии федеролии Русия  доир ба корҳо бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамкории гуманитарии байналмилалӣ Фарит Мухаметшин  мулоқот намуданд.

***

 1 феврали соли 2018 дар шаҳри Душанбе изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз мулоқоту музокирот бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков доир гардид.

1 ФЕВРАЛ:

Рӯзи ҷаҳонии ширинӣ

***

 Дар ИМА – Рӯзи миллии озодӣ.

***

Дар Алҷазоир – Рӯзи тахлия  (аз ҷойҳои хавфнок муваққатан ба ҷойҳои осуда кӯчонидани аҳолӣ ва молу анҷом).

***

Дар Малайзия – Рӯзи ҳудуди федералӣ.

РӮЙДОДҲО:

Дар ин рӯзи соли 1993 дар шаҳри Душанбе Намояндагии аввали Созмони Милали Муттаҳид — Дафтари нозирони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон (ДНСММТ) кушода шуд.

***

1 феврали соли 2010 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносномаҳои қаблӣ ба шиносномаи биометрӣ иваз карда шуданд.

***

1 феврали соли 2011 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи таъсис ва тарзи фаъолияти маркази фарҳангӣ-иттилоотӣ созишнома ба имзо расид.

***

1 феврали соли 2011 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи таъсис ва тарзи фаъолияти маркази фарҳангӣ- иттилоотӣ баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар шаҳри Душанбе масъалаи сохтани неругоҳҳои хурди барқи обӣ ва имконияти таъсис додани корхонаи муштараки Тоҷикистон ва Олмон оид ба истеҳсоли батареяҳои офтобӣ баррасӣ карда шуд.

***

1 феврали соли 2018 дар Душанбе Барномаи ҳамкории тиҷоратӣ — иқтисодӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон ба имзо расид.

***

133 сол муқаддам, 1 феврали соли 1893 ихтироъкори америкоӣ Томас Эдисон дар Ню-Ҷерси аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон киностудияи «Черная Мария»- ро таъсис дод.

***

 1 феврали соли 2023 филми «Дов»-и Тоҷикистон дар Кинофестивали байналмилалии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар байни 14 филм ҷоизаи «Таваҷҷуҳи ҳакамон»-ро соҳиб гардид.

***

1 феврали соли 1995 Конвенсияи ҳудудӣ дар бораи ҳифзи ақаллияти миллӣ қабул карда шуд. 

Февраль 1, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш