ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 феврал, сешанбе, 48-умин рӯзи соли 2026 аст

Февраль 17, 2026 08:00

17 феврали соли 2012 дар шаҳри Душанбе маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни мусаввари «Занон дар тиҷорат» дар доираи лоиҳаи «Пешбурди ҳуқуқи иқтисодии занон ва духтарон» баргузор гардид.

***

17 феврали соли 2015 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Шурои амният, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Шурои амнияти мамлакат баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон номи шаҳри Қӯрғонтеппа ба Бохтар, шаҳри Сарбанд ба Леваканд, ноҳияи Бохтар ба Кӯшониён иваз гардид.

***

17 феврали соли 2023 дар доираи лоиҳаи «Миллати солим» дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати коршиносони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот баргузор шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти Қатар- шаҳри Давҳа бо Амири давлат Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ мулоқот намуданд. Зимни вохӯрӣ, ки дар ҳошияи мусобиқаи ниҳоии Ҷашнвораи аспдавонӣ барои Ҷоми Амири Қатар баргузор гардид, масоили вобаста ба равобити дӯстӣ ва рушди ҳамкории бисёрҷанбаи ду давлати дӯст баррасӣ карда шуд.

17 ФЕВРАЛ:

Дар Канада – Рӯзи мерос

***

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико – Рӯзи президентҳо

РӮЙДОДҲО:

Дар ин рӯзи соли 1913 дар Иёлоти Орегони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қонуни нав дар бораи музди меҳнати ҳадди ақалл ба ҳукми амал даромад.

***

17 феврали соли 1993 дар Русия ҶМР «Газпром» таъсис дода шуд.

***

17 феврали соли  2000 системаи амалиёти Microsoft Windows 2000 расман фаъол гардид.

***

Соли 1869 аввалин ҷамъияти ҳуқуқии ҳифзи ҳайвоноти хонагӣ таъсис дода шуд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Ҳадиса Қурбонова–соли 1940 – шоир ва нависанда, аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1969), Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1978). Шоири халқии Тоҷикистон.

Февраль 17, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 феврал, душанбе, 47-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 феврал, якшанбе, 46-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 феврал, шанбе, 45-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 феврал, ҷумъа, 44-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз, 12 феврал, панҷшанбе, 43-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 феврал, чоршанбе, 42-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 феврал, сешанбе, 41-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 феврал, душанбе, 40-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 феврал, якшанбе, 39-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 феврал, шанбе, 38-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 феврал, ҷумъа, 37-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 феврал, панҷшанбе, 36-умин рӯзи соли 2026 аст