ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 феврал, чоршанбе, 49-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ин рӯзи соли 2009 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Душанбе байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи савдо ва саноати Аморати Муттаҳидаи Араб созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
***
18 феврали соли 2019 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ»- ро қабул намуданд.
***
18 феврали соли 2020 дар «Gulfood»-и Дубай хушкмева ва лимӯи тоҷикии Мейер муаррифӣ гардид
***
18 феврали соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон Абдулазиз Комиловро ба ҳузур пазируфтанд.
***
18 феврали соли 2022 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон соҳиби Ҷоизаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гардид.
***
18 феврали соли 2025 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар шаҳри Теҳрон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён мулоқот намуд.
18 ФЕВРАЛ:
Дар Турманистон- Рӯзи кормандони дипломатӣ.
***
Дар Гамбия — Рӯзи истиқлолият.
***
Дар Исландия – Рӯзи занон.
РӮЙДОДҲО
18 феврали соли 1876 байни Британияи Кабир ва Зеландияи Нав алоқаи телефонӣ ба роҳ монда шуд.
***
Соли 2016 дар Ҳиндустон ширкати маҳаллӣ — мобилии «Ringing Bels» арзонтарин смартфон дар ҷаҳонро ба фурӯш баровард, ки 3,6 доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико арзиш дошт.
***
18 феврали соли 2017 дар Ҷумҳурии Хакасия ба муносибати ҷашни Наврӯз маҳфили фарҳангӣ доир шуд
***
18 феврали соли 2019 Нашриёти «Ноширлик ёғдуси»-и шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон маҷмуи ғазалҳои шоири номвари тоҷик Камоли Хуҷандиро таҳти унвони «Гулдастаи ғазал» интишор ва дастраси ҳаводорони шеъри ноб гардонид. «Гулдастаи ғазал» ҳосили ҳамкории илмию фарҳангии халқҳои ба ҳам дӯсти Тоҷикистон ва Узбекистон арзёбӣ мегардад.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Сайдулло Абдуллоев -соли 1945 — муаррих, доктори илмҳои таърих (1996), профессор (1994). Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (1998).








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 феврал, сешанбе, 48-умин рӯзи соли 2026 аст






