ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 феврал, ҷумъа, 37-умин рӯзи соли 2026 аст
6 феврали соли 2008 аввалин шумораи рӯзномаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қонун ва ҷомеа» нашр гардид.
***
6 феврали соли 2012 дар ҳама муассисаҳои таҳсилотии вилоятҳо ва шаҳрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба якбора паст шудани ҳарорати ҳаво барои хонандагони аз синфи 1 то 11 (барои се рӯз) дарсҳо боз дошта шуданд.
***
6 феврали соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ ба шаҳри Сочии Федератсияи Русия сафар намуданд.
***
6 феврали соли 2014 доир ба мубодилаи санадҳои тасвибии созишномаи байнидавлатӣ дар бораи шароит ва муҳлати будубоши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон протокол ба имзо расид.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини амният ба имзо расид.
***
6 феврали соли 2020 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нашри китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба тасвиб расид.
***
6 феврали соли 2023 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд оид ба амалиёт доктор Мансур Мухтарро ба ҳузур пазируфтанд. Дар вохӯрӣ ҷанбаҳои мухталифи ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
6 ФЕВРАЛ:
Рӯзи байналмилалии пешхизмат (бармен).
***
Рӯзи дасткашӣ аз телефони мобилӣ.
***
Дар Тайланд – Фестивали гулҳо
РӮЙДОДҲО:
6 феврали соли 1875 дар Олмон бақайдгирии ҳатмии никоҳи шаҳрвандон ҷорӣ карда шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1894 шаҳрвандони вилояти Онтариои Канада барои манъ кардани нӯшокиҳои спиртӣ овоз доданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 беш аз 700 ҳазор сокинони иёлати Калифорнияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо сабаби боду боронҳои шадид бе барқу гармӣ монданд.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 феврал, панҷшанбе, 36-умин рӯзи соли 2026 аст






