ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 март, шанбе, 73-юмин рӯзи соли 2026 аст
14 марти соли 2011 дар чорчӯбаи бизнес–форум бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Карочии Покистон, дар меҳмонхонаи «Шератон» таҳти унвони «Боигарии Тоҷикистон» намоиши аксҳо баргузор гардид.
***
14 марти соли 2014 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ба имзо расид.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон директори генералии ТАСС Сергей Михайлов ва муовини аввали ӯ Михаил Гусманро, ки барои иштирок дар ҷаласаи XXI Шурои роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Душанбе омада буданд, ба ҳузур пазируфтанд.
***
14 марти соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба «Маркази Назарбоев» ташриф оварданд.
***
14 марти соли 2022 дар Парлумони мамлакат масъалаҳои ба Кодекси андоз ва Кодекси гумруки Тоҷикистон ворид намудани тағйиру иловаҳо, аз ҷумла масъалаи то 10 сол аз пардохти андози ягонаи замин озод намудани замини тутзор ва аз пардохти андозҳо озод намудани шахсони ҳуқуқие, ки ба коркарди пилла, истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии дастӣ машғул ҳастанд, инчунин аз пардохтҳои андозӣ ва боҷҳои гумрукӣ пурра озод намудани воридоти воситаҳои нақлиёти барқӣ ба ҷумҳурӣ, яъне электромобилҳо, электробусҳо ва троллейбусҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
***
4 марти соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд.
***
Дар ин рӯзи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Нурлан Ермекбаевро ба ҳузур пазируфтанд.
14 МАРТ:
Рӯзи байналмилалии математика.
***
Рӯзи байналмилалии дарёҳо.
***
Дар Тоҷикистон — Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура
***
Дар Андорра- Рӯзи Конститутсия.
***
Дар Эстония – Рӯзи забони модарӣ.
РӮЙДОДҲО:
Соли 1839 зимни суханронӣ дар назди ҳамкорон Ҷон Гершел аввалин маротиба истилоҳи «фотография»-ро истифода бурд.
***
14 марти соли 1891 Санад дар бораи ҳуқуқи байналмилалии муаллифӣ тасдиқ гардид.
***
14 марти соли 2011 дар Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Минск ҷаласаи Шурои намояндагони доимӣ ва ваколатдори давлатҳои аъзои иттиҳод дар назди мақомоти расмӣ ва мақомоти дигари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
***
14 марти соли 1933 дар Олмон Ҳизби коммунистӣ баста шуд.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Абдусалом Деҳотӣ— соли 1911 — шоир, нависанда, драманавис, луғатшинос, арбоби давлатӣ, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
***
Мамадшо Илолов— соли 1948 — риёзидон, ходими давлатӣ, академик








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 март, ҷумъа, 72-юмин рӯзи соли 2026 аст






