ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 март, ҷумъа, 79-умин рӯзи соли 2026 аст

Март 20, 2026 08:00

20 марти соли 2007 дар шаҳри Душанбе бинои нави Маҷмааи нави туркӣ  «Vefa Center» ифтитоҳ гардид.

***

Соли 2012 аввалин маротиба дар таърихи Тоҷикистон албоми суратҳои «Наврӯз – ҷашни куҳан ва ҷавон» нашр шуд.

***

20 марти соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Осорхонаи миллии Тоҷикистонро расман ифтитоҳ намуданд.

***

20 марти соли 2014 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъана дар арафаи Наврӯзи хуҷастапай бо намояндагони сершумори аҳли зиёи ҷумҳурӣ мулоқот намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» Симпозиуми байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз баргузор гардид.

***

20 марти соли 2021 дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи як зумра сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз барқияҳои табрикӣ ворид шуданд.

***

20 марти соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон сафар намуда, дар  шаҳру ноҳияҳои вилоят якчанд иншооти гуногуни муҳимро ифтитоҳ намуданд.

***

20 марти соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва меҳмоннавозӣ MITT-2024 баргузор гардид, ки дар он 750 субъекти хизматрасони соҳаи сайёҳӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ аз 21 давлати дунё, аз ҷумла Тоҷикистон иштирок намуда, зарфияти сайёҳиашонро пешкаши ҷаҳонгардон намуданд.

20 МАРТ:

Рӯзи Замин.

***

Рӯзи байналмилалии хушбахтӣ.

***

Рӯзи байналмилалии астрология.

***

Рӯзи байналмилалии бе гӯшт.

***

Рӯзи ҷаҳонии гунҷишк.

***

Рӯзи ҷаҳонии театри кӯдакон.

***

Дар Тоҷикистон – Рӯзи зиёиёни эҷодкор.

***

Дар Тоҷикистон – Рӯзи фарҳанг.

***

Рӯзи забони фаронсавӣ (СММ) – Рӯзи байналмилалии франкофония.

РӮЙДОДҲО:

20 марти соли 1854 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳизби ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1956 Тунис  ва  соли  1992 Ҷумҳурии Ингушетия соҳибистиқлол  гардиданд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Файзулло Ансорӣ—  соли 1931 – шоир, драматург.

***

Убайдулло Раҷабов-  соли 1941 –Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ.

Март 20, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш