ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 март, ҷумъа, 86-умин рӯзи соли 2026 аст

Март 27, 2026 08:00

27 марти соли 1933 дар шаҳри Душанбе Китобхонаи шаҳрии ба номи Лоҳутӣ ифтитоҳ гардид.

***

27 марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иҷрокунандаи вазифаи Котиби иҷроияи вақти  Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид Андрей Василев масоили гуногуни ҳамкории бисёрпаҳлуи Тоҷикистону Созмони Милали Мутаҳид баррасӣ шуд.

***

27 марти соли 2014 аввалин маротиба дар таърихи муносибатҳои Тоҷикистон ва Кувайт ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бо дастаи Малдив бо ҳисоби 2:0 ғалаба ба даст овард.

***

Дар ин рӯзи соли 2020 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якҷояи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Фирдавсӣ, Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур ва Сино оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботи бисёрмандатӣ дар шаҳри  Душанбе №4 баргузор шуд. Пас аз анҷоми овоздиҳӣ Комиссияи ҳавзавии интихобот овозҳои додашударо ҳисоб намуда, натиҷаи интихоботро  эълон намуд. Дар натиҷа  ба тарафдории номзад Рустами Эмомалӣ-Раиси шаҳри Душанбе 217 шумораи овозҳои вакилони интихобкунанда дода шуд.

***

27 марти соли 2023 дар Хоруғ хизматрасонии автобусҳои нав бо нархи дастрас ба мардум оғоз гардид.

27 МАРТ:

Рӯзи байналмилалии театр.

***

Рӯзи нефрологҳо.

***

Рӯзи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия.

***

Дар Ангола – Рӯзи ғалаба.

РӮЙДОДҲО:

27 марти соли 1990 дар Лондон осорхонаи Шерлок Холмс кушода шуд.

***

Соли 1913 дар Оттава аввалин шумораи рӯзномаи фаронсавизабони «Ле Друа» нашр шуд.

***

27 марти соли 1992 Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъсис дода шуд.

***

27 марти соли 1998 Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ дар бораи оғози тамринҳои сарҳадбонони Албания барои ҳифзи сарҳад бо Югославия хабар дод.

Март 27, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш