ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 март, шанбе, 87-умин рӯзи соли 2026 аст

Март 28, 2026 08:00

28 марти соли 2013 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҷлили 700-солагии донишманд ва мутафаккири Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  қабул гардид.

***

Соли 2013  Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон  таъсис дода шуд.

***

28 марти соли 2014 Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 тасдиқ карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таркиш дар шаҳри Лоҳури Покистон ба Сарвазири вақти Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф барқияи тасаллият ирсол намуданд.

***

28 марти соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Панҷакент иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар тантанаҳои Иди байналмилалии Наврӯз, расми кушодашавии якчанд иншооти ҷашнӣ ва шиносоӣ бо вазъи рӯзгори мардум ба шаҳри бостонии Панҷакенти вилояти Суғд ташриф оварданд.

***

Дар ин рӯзи  соли 2019 беш аз 100 ширкати тавлидотии ватанию хориҷӣ молу маҳсулоташонро дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2019. Баҳор», ки дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе оғоз ёфт, ба намоиш гузоштанд.

***

28 марти  соли 2020 Ассотсиатсияи нависандагони сафар ва саёҳати давлатҳои ҳавзаи Уқёнуси Ором, ки яке аз ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ дар соҳаи сайёҳӣ эътироф шудааст, Ҷумҳурии Тоҷикистонро  мамлакати  устувор ва осебнопазир барои саёҳат эълон намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2022 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  иштирок дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки ба муносибати 30-солагии таъсиси ин созмон доир гардид, ба шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон сафари корӣ анҷом доданд.

***

28 марти соли 2022 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санад оид ба ворид намудани иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи мусофирати мутақобили шаҳрвандон баррасӣ гардид.

***

28 марти соли 2023 байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва «China Road and Bridge Corporation» ба маблағи 31,2 миллион доллар қарордод ба имзо расид.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 тандиси биринҷии чеҳраи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар доираи ҳамоиши  наврӯзии «Корвони шодӣ» аз ҷониби Сайид Умари Маъсум — ҳунарманди волосалиқа ва ҳайкалтароши маъруфи тоҷик ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардида буд, ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон супорида шуд.

28 МАРТ:

 Рӯзи ҷаҳонии таърихшиносон

***

Рӯзи ғизошиносон

***

Дар Чехия – Рӯзи муаллим.

***

Дар Ҷумҳурии Озарбойҷон – Рӯзи кормандони сохторҳои амнияти миллӣ.

РӮЙДОДҲО:

28 марти соли 1797 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аввалин мошини ҷомашӯӣ- қуттии чӯбии дорои чаҳорчӯбаи ҳаракаткунанда патент карда шуд.

***

28 марти соли 1891 дар Лондон аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба вазнбардорӣ баргузор шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1924 Ширкати нафтии Фаронса таъсис дода шуд, ки ҳоло яке аз бузургтарин ширкатҳои нафтӣ дар ҷаҳон мебошад.

***

28 марти соли 1930 Ҳизби коммунистии Салвадор таъсис дода шуд.

***

Соли 1891 аввалин маротиба чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши вазнин баргузор гардид.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Мавлудахон Абдуллоева — соли 1942 –забоншинос, Корманди шоистаи Тоҷикистон, профессор

Март 28, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш