ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 апрел, якшанбе, 95-умин рӯзи соли 2026 аст
5 апрели соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри миллат баргузор гардид.
***
5 апрели соли 2024 дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд.
***
5 апрели соли 2024 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аъзои Шурои давлатӣ, Вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Сяохунро ба ҳузур пазируфтанд.
***
5 апрели соли 2014 дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ду ширкати соҳибнуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба ҳузур пазируфтанд.
***
5 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи ниҳолнишонӣ дар Кореяи шимолӣ.
***
Рӯзи байналмилалии одобу ахлоқ
***
Дар Русия –Рӯзи геологҳо
РӮЙДОДҲО:
5 апрели соли 2022 намояндагони ширкатҳои Тоҷикистон бо қароргоҳи «Airbus» ва «Euler Hermes» дар Ҳамбург шинос шуданд.
***
5 апрели соли 2021 Лоиҳаи қонун «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» дар Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардид.
***
5 апрели соли 2021 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши «Мисгарӣ-бозгӯи рамзҳо, эътиқод ва анъанаҳои мардумӣ» доир шуд. Дар намоиш аз фонди тиллоии Осорхонаи миллии Тоҷикистон зиёда аз 400 зарфи мисии мунаққаш бори нахуст манзури тамошобинон гардид.
***
5 апрели соли 2022 Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҷараёни сохтмони мактаб дар деҳаи Гулистони шаҳри Кӯлоб шинос шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1930 рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон») таъсис ёфтааст.
***
Дар ин рӯз, 5 апрели соли 1996 дар ҷараёни вохӯрӣ дар Шанхай сарони давлатҳои Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон созишнома дар бораи пурқувватсозии соҳаи ҳарбӣ дар ноҳияҳои байнисарҳадиро ба имзо расониданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2010 Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ба Тоҷикистон ташриф овард.
***
Соли 1993 бо қарори Ҳукумати Федератсияи Русия ширкати нефти «Лукойл» таъсис ёфт.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 апрел, шанбе, 94-умин рӯзи соли 2026 аст






