Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Муҳаммад Ашраф Ғанӣ
Душанбе, 10.05.2016 /АМИТ “Ховар”/. Дар доираи сафари расмӣ Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ имрўз ҳамчунин бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот анҷом дод.
Раванди густариши ҳамкорӣ ва таҳкими равобит, дар ин замина доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаю бисёрҷониба, алалхусус самтҳои ояндадори робитаҳо миёни Тоҷикистону Афғонистон дар мулоқоту музокироти ҳайатҳои ду ҷониб дар асоси мавқеъгирии созанда ба миён гузошта шуд.
Дар мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ густариши ҳамкории гуногунпаҳлўи Тоҷикистону Афғонистон дорои дурнамои нек арзёбӣ гардида, таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои сиёсат, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, амният, илму техника, маориф, тандурустӣ ва фарҳанг баррасӣ шуданд.
Бо такя ба ҳамкории иқтисодӣ баён гардид, ки ҳаҷми кунунии табодули молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Афғонистон дар ҳоли рушд буда, гардиши савдо миёни ду кишвар дар 11 моҳи соли 2015 ба беш аз 104 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баробар шудааст, ки аз он 52,8 миллион доллар содирот ва 51,6 миллион доллар воридот мебошанд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






