Қоҳир Расулзода аз Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 дидан кард

Май 30, 2016 09:22

Душанбе, 30.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода 28 май бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 шинос шуд.
Марҳилаи дуюми Маркази барқу  гармидиҳии Душанбе-2 бо иқтидори 300 мГвт дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд гардида, тибқи нақша то оғози давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар айни замон корҳои бунёди Маркази барқу гармидиҳӣ, марҳилаи дуюм  ба андозаи беш аз 75 фисад ба анҷом расида 90 фоизи таҷҳизоти зарурӣ аллакай дастрас шудааст.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода баъди шиносоӣ бо корҳои  сохтмони  иншооти асосии марҳилаи дуюми Маркази барқу гармидиҳӣ, ҳамчунин аз маҳалли бунёди нуқтаҳои марказии тақсимоти  гармӣ ва шоҳқубурҳои  интиқоли  гармӣ дар қитъаҳои алоҳидаи шаҳри Душанбе ва мавзеи бунёди анбори нигоҳдории ангишт барои 450 ҳазор тонна дидан кард.
Таъкид гардид, ки дар айни замон дар  корҳои сохтмони иншооти асосии марҳилаи дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 беш аз 1000 мутахассиси тоҷик ва чинӣ ҷалб шуда, дар бунёди нуқтаҳои тақсимоти гармӣ ва шоҳқубурҳои интиқоли гармӣ зиёда аз 300 нафар коргари маҳаллӣ сафарбар шудаанд.
Натиҷаҳои шиносоӣ бо ҷараёни бунёди марҳилаи дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ва инфрасохтори зарурии он дар ситоди сайёри корӣ дар ҳузури Сарвазири мамлакат мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Масъулини соҳа барои иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017, хусусан  ҳалли саривақтии масоили марбут ба таъминоти аҳолии пойтахти мамлакат бо барқу гармӣ дар мавсими сармо ва таъмини иҷрои босифати корҳои сохтмонии марҳилаи дуюми Маркази барқу гармидиҳӣ ва инфрасохтори зарурии он  вазифадор карда шуданд.

Май 30, 2016 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд