Кумитаи ҳолатҳои фавқулода сокинонро аз пайомадҳои хатари гармо ва ғарқшавӣ дар кӯлу дарёҳо ҳушдор медиҳад
Душанбе, 08.06.16. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои аҳолӣ мерасонад, ки бо сабаби гарм шудани ҳаво дар ноҳияҳои кӯҳии кишвар аз 9 то 12 июн эҳтимоли об шудани захираи барфу пиряхҳо, ки сабаби рӯй додани обхезиву сел дар ноҳияҳои кӯҳӣ мешаванд, ҷой дорад.
Бинобар ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон сокинонро аз пайомадҳои хатари гармо ва ғарқшавӣ дар кӯлу дарёҳо ҳушдор дода, маслиҳат медиҳад, ки дар рӯзҳои гарм, бахусус дар соатҳои аз 11 то 17-и рӯз аз эҳтиёт кор бигиранд ва аз сафар кардан тавассути минтақаҳои хавфнок худдорӣ намоянд.
Ёдовар мешавем, ки Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар давоми чанд рӯзи наздик аз гарм шудани ҳаво дар қаламрави кишвар хабар медиҳад. Баландтарин ҳарорати гармӣ дар ин рӯзҳо дар ҷануби Тоҷикистон- қаламрави вилояти Хатлон ба мушоҳида мерасад, ки дар он ҷо ҳарорати ҳаво то ба 44 дараҷа хоҳад расид.
Имрӯз, 8 июн дар вилояти Хатлон ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 21-26, рӯзона 38-43 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Суғд ҳаво шабона 18-23, рӯзона 35-40 дараҷа гармиро ташкил медиҳад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, ҳаво шабона 15-17, рӯзона 37- 39 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Ҳаво шабона 14-19 дараҷа, рӯзона 35-40 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш аз эҳтимол дур нест. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10-15, рӯзона 27-32; дар шарқи ин вилоят шабона 2-7, рӯзона 16-21 дараҷа гармиро ташкил хоҳад дод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд






