Хабаровск: Ҷои аввал ва Шоҳҷоизаи Фестивали «Хӯрокҳои миллии ҷаҳон» ба тоҷикон дода шуд
Душанбе, 26.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити имрӯзаи глобалӣ ҳифзу гиромидошти анъанаву оинҳои миллӣ барои ҳар як фарди хештаншинос дар мадди аввал меистад.
Дар шаҳри Хабаровски кишвари Шарқи Дури Федератсияи Русия Фестивали «Хӯрокҳои миллии ҷаҳон» баргузор гардид, ки дар он хӯрокҳои миллии тамоми миллату халқиятҳои иқоматдошта пешниҳоди тамошобинону ҳакамон гардонида шуд.
Бо ташаббуси раиси бонувони тоҷики кишвари Шарқи Дур Моҳтоб Ғаффурова дар Қаҳвахонаи «Сарез»-и шаҳри Хабаровск хӯрокҳои миллии тоҷикӣ, аз қабили оши палов, мошкичирӣ, шакаробу қурутоб ва нони чаппотиву кулчаҳои ширмол пешниҳод гардида, аз ҷониби ҳакамон сазовори ҷои аввал ва шоҳҷоиза гардиданд.
Меҳмонону ҳакамон ба тарзи ороиши дастурхону тайёр намудани хӯрокҳои миллии тоҷикона шинос гардида, бори дигар қоил шуданд, ки мардуми тоҷик дорои таърихи куҳану малакаи бои тайёр намудани хӯрокҳои гуногунанд, ки дар ҷаҳон талабгорони зиёд доранд.












Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






