Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ боҳашаматтарин парад дар таърихи Тоҷикистон баргузор мегардад
Душанбе, 06.09.16. /АМИТ «Ховар»/. Паради низомӣ бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки субҳи 8 сентябр дар майдони «Дӯстӣ»- и пойтахт баргузор мегардад, боҳашаматтарин парад дар таърихи Тоҷикистон хоҳад буд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар он тақрибан 16 ҳазор хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа, сохторҳои қудратӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок хоҳанд кард.
Ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ дар чорабиниҳои идона бахшида ба ҷашни Истиқлолият 25 ҳазор сарбозони ҷузъу томҳои гуногуни кишвар иштирок мекунанд.
Ҳамчунин 9 сентябр аз хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаи Исмоили Сомонӣ парад-марафон гузаронида мешавад, ки дар он 52 ҳазор нафар донишҷӯёни макотиби олӣ, мактаббачагон ва кормандони муассисаҳои давлатии кишвар ширкат меварзанд.
Дар ин лаҳзаҳо дар майдони «Дӯстӣ» тамрини ниҳоии хизматчиёни ҳарбӣ- иштирокчиёни Паради ҳарбӣ гузашта истодааст.













Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






