Дар муассисаҳои таълимии кишвар занги аввал садо дод

Сентябрь 1, 2016 08:50

Душанбе, 1.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Чун анъана ҳамасола дар арафаи бузургтарин ва муқаддастарин ҷашни миллӣ- солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар саросари Ватани маҳбубамон Рўзи дониш бо шукўҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад.
Имсол низ дар тамоми зинаҳои таҳсилот оғози дарсҳо соати 8:00-и субҳи 1-уми сентябр шурўъ гардиданд ва хонандагону донишҷўёни муассисаҳои таълимӣ нахуст тавассути оинаи нилгун мустақиман суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Дарси сулҳ тамошо намуда, сипас, тибқи ҷадвали дарсӣ машғулиятҳоро оғоз мекунанд.
Тавре ки котиби матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсони Хушбахт ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, имсол 204 ҳазор хонанда ба синфи 1-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мераванд.
«Дар соли таҳсили 2015-2016 теъдоди хонандагони синфи як 200 ҳазору 36 нафарро ташкил медод. Ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ беш аз 25 ҳазор ва ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ наздики 40 ҳазор донишҷўй ба таҳсил фаро гирифта мешаванд»,-илова намуд Эҳсони Хушбахт.
Тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол 1 ҳазору 421 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар қабул шуданд.
Соли 2015 дар тамоми ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 200 бинои таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ ба истифода дода шуд буд.
Имсол низ дар назар аст, ки то охири соли равон беш аз 200 бинои таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ ба истифода дода шаванд.

Сентябрь 1, 2016 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад