Тоҷикистон ва Корея баргузории барномаҳои муштаракро дар соли оянда баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 14.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ 13 декабр Кордори навтаъйини Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ли Вучёлро ба ҳузур пазируфт.
«Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои иҷрои минбаъдаи тавофуқоте, ки то ин замон миёни кишварҳои мо ба тасвиб расидаанд, ҳамчунин баргузор намудани барномаҳои муштарак дар соли оянда ҷиҳати тавсеа ва таҳкими робитаҳои дуҷонибаи сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ шуданд», — хабар доданд аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Низомиддин Зоҳидӣ Ли Вучёлро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик намуда, ҷиҳати пешбурди фаъолияти дипломатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон комёбиҳо таманно намуд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






